, Душанбе, 05-май

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 03.05.2025 19

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз (03.05.2025) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи журналистикаи факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи муассиса Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Таъсири интернет ва расонаҳои рақамӣ дар мусоидат ба таърихи васоити ахбори омма ва омӯзиш дар замони муосир” бахшида ба истиқболи 80-солагии таъсисёбии ин боргоҳи илму маърифат баргузор гардид.

Ҳайати меҳмонон ва иштирокчиён пеш аз оғози конференсия дар даромадгоҳи бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз намоиши асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону омӯзгорон дидан намуданд.

Кори Конференсия дар толори асосии Донишгоҳ бо шунидани Суруди миллӣ оғоз гардид, ки дар он олимону муҳаққиқон аз донишгоҳу донишкадаҳо, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, аз ҷумла Имомзода Муҳаммадюсуф, доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Рафиев Сафархон, дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Садъуллоев Ҷамшед, доктори илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Гулов Сангин, дотсент, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳайти устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ, дотсент Рафиев Сафархон, зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ташрифи меҳмонони гиромӣ, олимону донишмандон ва аҳли илму адаби кишварро ба ин боргоҳи илму маърифат-Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ самимона хайрамақдам гуфта, ҳузури фарҳехтагони илму донишро боиси шодии афзун ва ифтихормандии ҷомеаи меҳнатдӯсту заҳматқарини муассиса арзёбӣ намуд.

Зимнан таъкид дошт, дар асри XXI, ки онро асри иттилоот ва технологияи рақамӣ меноманд, ҷаҳони мо шоҳиди тағйироти амиқ ва фарогир дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар иттилоот, муносибатҳои иҷтимоӣ, фарҳанг ва таҳсилот гардидааст. Технологияҳои рақамӣ ва интернет, ҳамчун як навъ «инқилоби рақамӣ», нақши басо муҳим дар рушди ҷомеа, интишори иттилоот, тағйироти афкори умум ва шаклгирии муҳтавои таълимӣ дар замони муосирро иҷро намуда истодааст.

Аз ин рӯ, омӯзиш ва таҳқиқи таъсири онҳо, инчунин нақши ин воситаҳо дар рушд ва таърихи ВАО дар замони муосир як масъалаи муҳим ва зарурии илмист, ки бояд дар доираи конференсияҳои илмӣ ва таҳқиқоти олии муассисаҳои илмӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки аҳамияти рушди ин соҳа ва бо ахбори муътамаду қобили эътимод фаро гирифтани мардум чораҳои заруриро барои беҳтар кардани инфрасохтори интернет ва таҳкими фарҳанги иттилоотӣ дар ҷомеа амалӣ намуда истодааст. Иҷрои сиёсати давлатии ҷумҳурӣ дар заминаи рушди интернет ва расонаҳои рақамӣ дар доираи барномаҳои мукаммалу густурда бо мақсади таҳкими таърихи ВАО ва таълим дар замони муосир равона мегардад. Дар доираи чунин тадбирандешиҳо баргузории ҳамоишҳои илмӣ, конфронсу симпозиумҳо, ки дар меҳвари он мавзуъҳои мухталифи таъсири интернет ва расонаҳои рақамӣ дар ВАО ба риштаи таҳлилу хулосабарориҳои амиқ кашида мешаванд, ба сифати қадами муҳим дар рушди илми ВАО ва беҳтар кардани таҳсилот дар замони муосир судбахшу самаровар хоҳад буд.

Дар пайравӣ аз сиёсати мазкур нақши Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ», ки бо ташкили ҳамоишҳои илмӣ ва конфронсҳо дар самти таҳқиқи таъсири интернет ва расонаҳои рақамӣ дар ВАО иқдоми созандаву шоистаи таҳсинро пеша намудааст, хеле муҳим аст. Муассиса бо даъвати олимону донишмандон, мутахассисони соҳибтаҷрибаву соҳибмактаб ва таҳлили амиқи равандҳои дигари замони муосир кӯшиш мекунад, ки ҳамкориҳои созандаву судбахши илмиро дар ин бахш густариш диҳад. Ташкилу баргузории конфронси бошукӯҳи имрӯзӣ низ натиҷаи талошу заҳмат дар ин ҷиҳат ба шумор меравад.

Дар идома тибқи барномаи конфронс Имомзода Муҳаммадюсуф, доктори илмҳои филология, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Баъзе масъалаҳои амнияти иттилоотӣ дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ” Садъуллоев Ҷамшед, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Хатарҳои эҳтимолӣ ва воқеии ҷомеаи иттилоотӣ”,; Гулов Сангин, дотсент, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи "Зарурат ва аҳамияти меъёрҳои этикиву ҳуқуқӣ дар журналистика” ва Алишери Абдулмаҷид, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси рӯзноманигорӣ, дотсент, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи “ВАО ҳамчун муҳаррики ташаккули афкори умум” маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва қобили таваҷҷуҳ ироа намуданд.

Таъкид гардид, ки ташкили чунин конфронсҳо, ки дар онҳо мубодилаи дониш ва маълумот дар бораи таъсири интернет ва расонаҳои рақамӣ дар таърихи ВАО ва омӯзиш имконият фароҳам меорад, метавонад марҳилаи муҳим дар рушди илм ва амалиёти ин соҳа дар кишвари азизамон Тоҷикистон бошад.

Изҳори умед карда шуд, ки нуктаи назари олимону донишмандон ва муҳаққиқону донишпажӯҳон, ки дар маҷмуаи маводи конфронс рӯйи чоп омадаанд, метавон ба рушди соҳа ва таҳаввулоти он дар замони муосир равона кард, ки ба пешрафти ҷомеаи иттилоотӣ ва таҳкими шуури илмӣ дар соҳаи ВАО ва таълими мутахассисони оянда мададрасон хоҳад буд.

Дар анҷоми қисми пленарии конфронс ба як қатор фаъолон ва олимону муҳаққиқон ҷиҳати иштирок ва ироаи маърӯзаҳои пурмуҳтаво Сипоснома супорида шуд.

Кори конференсия қисмати 2-юми рӯз дар 3 бахш бо таҳлилу баррасии беш аз 35 мақолаи олимону муҳаққиқон идома меёбад.




Ба рӯйхат