,
Якшанбе, 04-май
Санаи 2-юми майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили илмии “Ҷаҳони андеша”, ки назди кафедраи фалсафа амал мекунад, бо ширкати фаъоли ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни факултетҳои мухталифи донишгоҳ баргузор гардид.
Маҳфилро роҳбари он, муаллими калони кафедра Раҷабов Аминҷон ифтитоҳ намуда, доир ба аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳо дар рушди тафаккури фалсафӣ ва густариши ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён изҳори назар кард. Зимни баромади худ мавзуъҳои муҳокимашавандаро ба иштирокчиён муаррифӣ намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар раванди муҳокимаҳо фаъолона ширкат варзанд.
Сипас, донишҷӯёни фаъоли факултетҳои гуногун маърӯзаҳои илмии худро манзур намуданд. Шабнами Нурулло, донишҷӯи курси дуюми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг дар мавзуи “Инқилоби илмӣ ва фалсафаи замони нав” баромад намуда, масъалаҳои асосии фалсафаи асри XVII-XVIII ва таъсири кашфиётҳои илмиро ба ташаккули афкори фалсафӣ мавриди таҳлил қарор дод.
Баъдан, Шоева Муниса, донишҷӯи курси дуюми факултети филологияи хориҷӣ дар мавзуи “Фалсафаи замони муосир” суханронӣ намуда, ҷанбаҳои муҳими тафаккури фалсафии садаи XXI, масъалаҳои глобалӣ ва фалсафаи арзишҳои инсондӯстиро баррасӣ кард.
Маҳфил дар фазои озоди илмӣ ва муҳокимавӣ ҷараён гирифта, дар интиҳо иштирокчиён бо омӯзгорон саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор анҷом доданд.