,
Якшанбе, 04-май
Санаи 02.05.2025 дар аз ҷониби кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи “ Аҳамияти миллии нақши забон дар ташаккули ҳувияти миллӣ” бахшида ба 80-солагии таъсисёбии Донишгоҳ баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар мудири кафедраи забони тоҷикӣ, дотсент Қувватова Муҳаббат, сардори маркази матбуоти донишгоҳ, муаллими калони кафедра Муҳаммадҷони Абдувоҳид, дотсент Мирзораҳматова Гулнома, муаллимони калони кафедра Носирова Оламбӣ, Бобозода Бахтовар ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст мудири кафедра, дотсент Қувватова Муҳаббат доир ба мавзуи “Нақши забон дар ташаккули ҳувияти миллӣ” суханронӣ намуда, зикр доштанд, ки забони модарӣ на танҳо воситаи иртиботи иҷтимоӣ, балки омили асосии худшиносиву худогоҳӣ ва шинохти таъриху фарҳанги миллӣ мебошад. Ӯ ҳамзамон афзуд, ки забони тоҷикӣ дар тӯли таърих ҳамеша ҳамчун заминаи ҳувиятсоз ва асолатбахши миллат хидмат кардааст.
Сипас, дотсент Мирзораҳматова Гулнора дар мавзуи “Сиёсати Пешвои миллат дар рушди забони давлатӣ”, муаллимони калони кафедра Муҳаммадҷони Абдувоҳид дар мавзуи “Посдорони забон: аз Исмоили Сомонӣ то Эмомалӣ Раҳмон”, Носирова Оламбӣ дар мавзуи “Мақоми Пешвои миллат дар таҳкими забони тоҷикӣ” маърӯза намуданд.
Гуфта шуд, ки ҳувияти миллӣ ҳамчун омилии асосӣ ва пояи воқеии ҳастии миллат, маҷмӯи арзишҳо, фарҳанг, таърих ва забони як халқро дарбар мегирад. Забон на танҳо воситаи муошират, балки яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳувияти миллӣ ва рамзи давлатдорист. Дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза, ки фарҳангҳои гуногун ба ҳам омехта мешаванд, нақши забони давлатӣ дар нигоҳдорӣ ва рушди ҳувияти миллӣ беш аз ҳарвақта муҳим ва афзал гардидааст.
Тибқи нишондоди сарчашмаҳо мутобиқан ба нигоҳи илмӣ, ҳувияти миллӣ ин шинохти шахс ё гурӯҳ аз худ ҳамчун як узви миллати муайян мебошад, ки ба воситаи арзишҳои умумӣ, таърих, дин, анъана ва, пеш аз ҳама, забон муайян карда мешавад. Забони давлатӣ бошад, забоне аст, ки мақоми расмӣ дошта, дар тамоми сохторҳои давлатӣ, маориф, васоити ахбор ва муомилоти расмӣ истифода мешавад.
Ҳамзамон порчаҳои назмӣ ва насрӣ дар ситоиши забон аз ҷониби донишҷӯён қироат гардиданд, ки муҳтавои онҳо ҳусни иловагӣ бахшида, муҳаббати ҷавононро нисбат ба забон ва арзишҳои миллӣ инъикос менамуд.