,
Шанбе, 03-май
Дар доираи силсилачорабиниҳои моҳвораи ҷавонон, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардидааст, шоми 1 майи соли 2025 бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бо ширкати доираи васеи донишҷӯён баргузор гардид.
Нахуст сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ суханронӣ намуда, ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, баргузории чунин чорабиниҳоро бозгӯи сиёсати ҷавонпарваронаи давлату Ҳукумат арзёбӣ намуд.
Сипас, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб Дилшод Мадалиев суханронӣ намуда, ҷавононро нерӯи созандаи ҷомеа унвон кард ва онҳоро ба хониш, тарбияи ахлоқӣ, омодагӣ ба зиндагии мустақилона ва фаъолона иштирок намудан дар ҳаёти ҷамъиятӣ ҳидоят намуд. Дар идомаи суханронӣ, як қатор омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ, ки дар самтҳои гуногуни ҳаёти донишгоҳӣ ва ҷамъиятӣ саҳми назаррас доранд, бо Сипоснома қадршиносӣ гардиданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо барномаи рангину ҷаззоб— иборат аз рақсу суруд, ки аз ҷониби бахши фарҳанги донишгоҳ омода шуда буд, идома ёфт.