, Шанбе, 03-май

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ДИПЛОМАТИЯ”

 30.04.2025 17

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ДИПЛОМАТИЯ”

30-юми апрели соли 2025 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Дипломатия”-и назди кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни аъзо баргузор гардид.

Кори маҳфил бо шиносонидани мавзуъҳои баррасишаванда ба иштирокчиён аз ҷониби роҳбари маҳфил, ассистенти кафедра Саидов Даврон оғоз ёфт.

Дар маҳфил маърӯзаҳои донишҷӯёни курси 3-юми факултет: Самадзода Басонат дар мавзуи “Давлат иштирокчии муносибатҳои байналхалқӣ” ва  Махфирати Назирмад дар мавзуи “Фаъолияти Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ” мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд.

Дар рафти баргузории маҳфил аъзоён фаъолона иштирок намуда, доир ба маърӯзаҳои баррасишуда ибрози андеша намуданд.




Ба рӯйхат