,
Шанбе, 03-май
30 апрели соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои олимон, маросими тантанавии қадрдонии донишҷӯён, магистрантону унвонҷӯёни фаъол ва роҳбарони илмии онҳо баргузор гардид. Зимни ҷаласа афроде, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявии илмӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштаанд, бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ шуданд.
Махсусан, Саидова Маликабону-магистранти курси дуюми факултети филологияи рус, дар бахши гуманитарӣ, равияи “Лингвистика”-и озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» сазовори ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз шуд. Ҳамчунин, Исоева Фариза-магистранти курси дуюми ихтисоси биологияи факултети химия ва биология, Сафаралиева Парвина-унвонҷӯйи кафедраи илмҳои компютерӣ барои иштироки фаъолона бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.
Ҳамчунин, Сафарзода Сироҷиддин-магистранти курси дуюми факултети филологияи хориҷӣ, дар озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» барои иштироки фаъолона бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардид.
Дар баробари муваффақиятҳои илмӣ, донишҷӯёни варзишгари донишгоҳ низ ба музаффариятҳо шарафёб гардидад. Умаршои Аҳтамшо-донишҷӯи курси якуми факултети филологияи рус ва Акбаршои Аҳтамшо-донишҷӯи курси якуми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Панкратсион», ки санаи 27 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҷойи аввалро соҳиб шуда, бо медали тилло ва диплом сарфароз гаштанд.
Раёсати донишгоҳ ғолибонро дар фазои гарму самимӣ истиқбол гирифта, ин дастовардҳоро мояи ифтихор ва рушду пешрафти ҷомеаи омӯзгорону донишҷӯён арзёбӣ намуд.