,
Панҷшанбе, 01-май
Дар “Кохи Сурӯш” бахшида ба Рӯзи илми тоҷик маросими ҷоизасупории ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон», «Олими сол» ва «Магистранти сол» бо иштироки вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф ва илм баргузор гардид.
Тибқи хулосаву баҳогузории комиссияи экспертии озмун кори беҳтарини илмию таҳқиқотӣ ва лоиҳаҳои ихтироотии донишҷӯёну магистрантон, унвонҷӯёну докторантон аз рўи ихтисос (PhD) ва олимон муайян гардида, сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ифтихорнома дониста шуданд.
Хушбахтона, дар озмуни «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» Саидова Маликабону-магистранти курси 2-юми факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар бахши гуманитарӣ, аз равияи "Лингвистика" сазовори ҷойи дуюм гардида бо Дипломи дараҷаи 2 ва мукофоти пулӣ сарфароз гардид.
Ҳамзамон Исоева Фариза – магистранти курси 2-юми ихтисоси биологияи факултети химия ва биология ва Сафаралиева Парвина - унвонҷӯйи кафедраи илмҳои комютерӣ ҷиҳати иштироки фаъолона бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.