, Панҷшанбе, 01-май

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

 29.04.2025 16

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

29 апрели соли 2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, бо ташаббуси кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар мудири кафедра номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидзода Муҳаммад, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина ва ҳайати омӯзгорони кафедра иштирок доштанд.

Дар рафти семинар муаллими калони кафедра Алиева

Бахтинисо дар мавзуи «Корбасти воҳидҳои фразеологӣ дар дубайтиҳои Бобо Тоҳир» ва ассистенти  кафедра Каримова Дилноза дар мавзуи «Вижагиҳои луғавии фитонимҳои забони тоҷикӣ» маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Семинар дар фазои илмӣ ва ҳамфикрӣ ҷараён гирифта, миёни иштирокчиён баҳсҳои судманд ва мубодилаи афкор доир ба мавзуъҳои пешниҳодшуда сурат гирифт.




Ба рӯйхат