, Панҷшанбе, 01-май

МАҲФИЛИ НАВБАТИИ "ШОҲНОМАХОНӢ" ДАР ДОНИШГОҲ

 29.04.2025 17

МАҲФИЛИ НАВБАТИИ "ШОҲНОМАХОНӢ" ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз 29.04.2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии илмӣ-эҷодии "Шоҳномахонӣ" баргузор гардид. Дар маҳфил доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷик Ашурова Нодира, ҳайати омӯзгорони факултет ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Маҳфилро профессор Ашурова Нодира ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил шинос намуданд.

Дар идома, донишҷӯёни факултет маърӯзаҳо худро ироа карданд. Донишҷӯи курси сеюм Гулафзои Иброҳим дар мавзуи “Образи Манучеҳр дар “Шоҳнома” -и Абулқосими Фирдавсӣ” ва донишҷӯи курси дуюм Қодирова Роҳатой дар мавзуи “Симои Хусрави Анушервон дар осори таърихӣ ва достони “Подшоҳи Кисрои Нӯшинравон”-и Абулқосими Фирдавсӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Маҳфил бо саволу ҷавоб ва мубоҳисаҳои ҷолиб миёни иштирокдорон идома ёфт. Қайд кардан ба маврид аст, ки маҳфили "Шоҳномахонӣ" ҳар моҳ як маротиба баргузор гардида, баҳри рушди дониш ва тафаккури адабии донишҷӯён мусоидат мекунад.




Ба рӯйхат