, Панҷшанбе, 01-май

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ: ТАҶРИБА ВА ДУРНАМО

 28.04.2025 25

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ: ТАҶРИБА ВА ДУРНАМО

28 апрели соли 2025 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқшиносӣ семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони "Масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид.

Дар кори семинар мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Ҳусайнзода Аминҷон, устодону омӯзгорон, донишҷӯён ва мутахассисони соҳа иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ суханронӣ карданд ва андешаҳои худро ироа намуданд.

Зимни баргузории семинар мавзуъҳои муҳими марбут ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлатдорӣ, нақши қонун ва ҳуқуқ дар рушди ҷомеа, инчунин мушкилот ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ дар шароити муосири Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қайд карда шуд, ки рушди маърифати ҳуқуқӣ аз омилҳои асосии таҳкими амнияти миллӣ, волоияти қонун ва суботи сиёсӣ дар кишвар маҳсуб меёбад.

Ташкили чунин ҳамоишҳои илмӣ-назариявӣ барои густариши афкори ҳуқуқӣ ва омодасозии мутахассисони варзидаи соҳаи ҳуқуқ аҳамияти хосса дорад.




Ба рӯйхат