, Панҷшанбе, 01-май

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

 28.04.2025 25

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

28 апрели соли 2025 дар кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари ғайринақшавии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар семинар ҳайати омӯзгорони кафедра фаъолона иштирок намуда, масъалаҳои муҳимми илмӣ ва назариявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар рафти семинар номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калони кафедра Ғафоров Саттор бо маърӯзаи худ таҳти унвони «Пайдоиши маълумот дар Бобулистон» ва муаллими калони кафедра Қосимов Пулод бо маърӯзаи худ таҳти унвони «Арзишҳои миллӣ ва омодашавӣ дар фарҳанги ниёгони тоҷику форс» баромад намуданд.

Семинар дар фазои илмӣ ва ҳамфикрӣ ҷараён гирифта, миёни иштирокчиён баҳсҳои судманд ва мубодилаи афкор доир ба мавзуъҳои пешниҳодшуда сурат гирифт.




Ба рӯйхат