,
Панҷшанбе, 01-май
Санаи 27 апрели соли 2025 ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад дар лагери истироҳативу омӯзишии «Истиқлол»-и назди донишгоҳ воқеъ дар ноҳияи Муъминобод корҳои дастаҷамонаи созандагиву покизакориро анҷом доданд.
Дар раванди ин ташаббуси муҳими тозагиву ободонӣ, кормандон муҳити лагери истироҳатиро тозаю озода намуда, сабзаву алафҳоро аз ҳудуди роҳравҳо, назди утоқҳои хоб ва майдонҳои гирду атроф даравида покиза намуданд. Инчунин бехи дарахтон нарм карда шуд, ки барои нигоҳдории дарахтони сабз ва табиати муҳити атроф нақши муҳим дорад.
Мақсад аз баргузории чунин иқдомҳои дастаҷамъона фароҳам овардани муҳити созгор барои истироҳат ва омӯзиш дар лагери «Истиқлол» мебошад. Ҳамзамон, ин иқдомҳо ба баланд бардоштани эҳсоси масъулиятшиносӣ ва муносибати дӯстона бо муҳити зист миёни ҳайати кормандон мусоидат менамояд.
Лагери истироҳативу омӯзишии «Истиқлол»-и донишгоҳ, ки дар ноҳияи зебоманзари Муъминобод ҷойгир аст, яке аз мавзеъҳои диданиву ҷаззоб барои истироҳати ҳайати устодон ва донишҷӯён маҳсуб меёбад. Ҳамасола устодон дар рӯзҳои истироҳат ба ин макон сафар карда, аз табиати нотакрору оромиши он баҳра мебаранд.
Илова бар ин, дар фасли тобистон дар лагери мазкур барои фарзандони омӯзгорони донишгоҳ лагери махсуси таълимӣ ташкил мегардад. Раёсати донишгоҳ бо пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти фароҳамсозии шароити хуби таълиму тарбия ва фароғати кӯдакон, пайваста иқдомҳои муассир амалӣ менамояд.
Ташкили чунин чорабиниҳо на танҳо ба ободии ин макони муҳими таълимиву фароғатӣ мусоидат мекунад, балки барои таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ ва муҳити солиму созанда миёни кормандону устодон низ замина фароҳам меорад