, Ҷумъа, 09-май

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

 21.04.2025 119

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

Санаи 21 апрели соли 2025 дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯён баргузор гардид. Дар маҳфил садорати факултет, устодон ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд.

Маҳфил бо суханронии ҷонишини декани факултет оид ба тарбия Қурбонзода Кароматулло оғоз ёфт. Мавсуф зимни баромади худ аҳамияти баргузории чунин маҳфилҳоро дар ташаккули ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён ва тақвияти неруи зеҳнии онҳо таъкид намуда, доир ба саҳми ҷавонон дар пешбурди ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар андешаронӣ намуд.

Баъдан, донишҷӯёни курси дуюм – Алихонов Аҳлиддин бо маърӯзаи илмӣ таҳти унвони “Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун воситаи ватанпарварии ҷавонон” ва Баротов Шоҳрух бо маърӯзаи худ дар мавзуи “Рушди футболи тоҷик дар давраҳои соҳибистиқлолии кишварамон” баромад намуданд.

Маърӯзаҳои донишҷӯён бо таҳлили муфассал, далелҳои воқеӣ ва диди нав пешниҳоди шунавандагон гардида, таваҷҷуҳи зиёдро ба худ ҷалб карданд. Пас аз ироаи маърӯзаҳо миёни иштирокчиён мубодилаи афкор ва баҳсу мунозира сурат гирифт, ки фазои илмии маҳфилро ғанӣ гардонд.

Маҳфил дар руҳияи баланд ва муҳити дӯстию донишандӯзӣ ҷамъбаст гардида, иштироки фаъолонаи донишҷӯён ҳамчун нишонаи болоравии завқи илмӣ ва маънавиёти онҳо арзёбӣ гардид.




Ба рӯйхат