, Шанбе, 19-апрел

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РӮЗНОМАНИГОРИ ҶАВОН”

 18.04.2025 10

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РӮЗНОМАНИГОРИ ҶАВОН”

Таърихи 18.04.2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Рӯзноманигори ҷавон”-и назди кафедраи журналистика баргузор гардид.

Дар маҳфил мудири кафедраи журналистика, дотсент Алишери Абдулмаҷид, ассистентони кафедра Рузиева Барно, Наврузова Шамсия, Муслимов Исмоил ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.

Маҳфил бо суханронии роҳбари маҳфил Муслимов Исмоил оғоз гардида, зимнан оид ба маърӯзаҳои баррасишавандаи маҳфил маълумот дод.

Сипас, Сардорова Ганҷина-донишҷӯи курси сеюми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзуи “Нақши барномаҳои телевизиони “Сафина” дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” ва Саъдуллоева Гулбону-донишҷӯи курси дуюми дар мавзуи “Ҳамгироии репортаж телевизионӣ бо жанрҳои дигари телевизион” баромад намуданд.

Маҳфил бо муҳокимаронӣ ва баҳсу баррасиҳои ҷолиб миёни иштирокчиён ҷамъбаст гардид ва чунин чорабиниҳо ҳамчун платформаи самарабахш барои ташаккули ҷаҳонбинии касбии рӯзноманигорони оянда арзёбӣ гардид.




Ба рӯйхат