,
Шанбе, 19-апрел
Ҳайати устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 17 апрели соли 2025 дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қадами муҳими экологии дигар гузоштанд. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии кишвар ва муҳайё кардани шароити мусоиди зист барои мардум, онҳо дастаҷамъона дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайдали Вализодаи донишгоҳ амалҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ анҷом доданд.
Ҳайати кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ барои сарсабз гардонидании муҳити зист ва дар заминаи он баландбардории маърифати экологии шаҳрвандон дастаҷамъона заҳмат кашиданд. Бо иҷрои корҳои поксозии роҳравҳову гулгаштҳои боғ, гирду атрофи он, нармкунии зери дарахтон, ба шаклдарории онҳо, сафед намудани пояҳои дарахтон, аз алафҳои бегона покиза намудани гулҳо, шинонидани гулу гулбуттаҳои мавсимӣ ва дигар корҳои ободонӣ баҳри тозаву озода намудани ҳудуди он саҳми муносиб гузоштанд.
Лозим ба таъкиди хос аст, саҳмгузорӣ дар ҷиҳати баландбардории маърифати экологӣ ва озодагии муҳити атроф вазифаи ҳамагонист. Аз ин рӯ, ҳар як сокинони шаҳр ва меҳмононро зарур аст, ки дар ҳифзу тоза нигоҳ доштани муҳити зист, мавзеъҳои гулу гулбуттаҳо ва дарахтони ҳамешасабзи боғи истироҳатӣ, ки бо касби табиати зебову назаррабо барои саломатии истироҳаткунандагон бисёр муфид аст, саҳмгузор бошанд.
Раёсат ва ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чунин корҳоро минбаъд низ идома дода, дар сабзу хуррамгардонии диёр тадбирҳои судмандро рӯйи кор хоҳад овард.