,
Шанбе, 19-апрел
Рӯзи 16 апрели соли 2025 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими он мизи мудаввар таҳти унвони “Баланд бардоштани дараҷаи мустақилияти хонандагон дар таълими фанҳои табиию риёзӣ” баргузор гардид.
Ин чорабинӣ ба ифтихори 80-солагии таъсисёбии донишгоҳ, ҳамзамон бахшида ба солҳои 2025–2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, инчунин дар доираи татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (2020–2040)” баргузор шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон ва ҷалби донишҷӯён ба таҳқиқу омӯзиши амиқи фанҳои дақиқу табиатшиносӣ мебошад.
Дар кори он мудири кафедра, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Акбарова Маҳрамбӣ, ҷонишини декани факултет оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ Ёрматзода Алишер, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Сайдалиева Фотима, ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст мудири кафедра, дотсент Акбарова Маҳрамбӣ суханронӣ намуда, оид ба маърузаҳои баррасишавандаи маҳфил ибрози андеша намуд.
Сипас, муаллими калони кафедра Анварзода Диловар дар мавзуи “Инкишофи фикронии мантиқии хонандагони хурдсол дар раванди таълими математика”, ассистентон Давлатов Умедҷон дар мавзуи “Таркиби хокҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Мавлонов Сулаймон дар мавзуи “Ташаккули шавқи математикии хонандагони синфҳои ибтидоӣ” маърӯза намуданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар байни иштирокчиён мубодилаи афкор ва муҳокимаронии озод сурат гирифт, ки дар он ҷанбаҳои муҳими методикаи таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва роҳҳои ҷалби бештари хонандагон ба таҳсили мустақил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.