, Шанбе, 19-апрел

ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КАЙҲОННАВАРДОН

 15.04.2025 28

ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КАЙҲОННАВАРДОН

Санаи 14.04.2025 дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Фатҳи кайҳон” бахшида ба 64-умин солгарди парвози нахустин инсон ба кайҳон 12-апрел “Рӯзи кайҳоннавардон” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи материалҳо Парвинаи Усмон, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ Ҳамидова Дилрабо, муаллими калони кафедра Валиев Носир ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Нахуст мудири кафедра, дотсент Парвинаи Усмон суханронӣ намуда иброз доштанд, ки имрӯз, ки инсоният марҳилаҳои нави тараққиётро тай мекунад ва омодагии башарият барои фатҳи сайёраҳои дигар ба воқеият табдил меёбад, масъулияти насли ҷавон дар рушду пешбурди илм ва технологияи муосир дучанд мегардад.

Сипас, Сайфудинова Омина - донишҷӯи курси 3-юми факултет дар мавзуи “Омӯзиши кайҳон”, Шоҳонаи Зикрулоҳ - донишҷӯи курси 3-юми факултет дар мавзуи “Аввалин парвози инсон ба кайҳон” ва Сафаралиева Мадина - донишҷӯи курси 2-юми факултет дар мавзуи “Ҳаёт ва фаъолияти Юрий Алексеевич Гагарин” баромад намуданд.

Дар бахши дуюми чорабини донишҷӯён бо истифода аз асбобу таҷҳизоти лабораторӣ таҷрибаҳои амалӣ гузарониданд. Онҳо на танҳо тарзи дурусти истифодаи таҷҳизотро омӯхтанд, балки бо иҷрои амалиёти физикӣ натиҷаҳои мушоҳидавӣ ба даст оварданд.

Бахши сеюм бошад бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.

Дар охир ба донишҷӯёне ки дар чорабини фаъолона ширкат варзиданд аз ҷониби садорати факултет бо ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.




Ба рӯйхат