, Ҷумъа, 22-ноябр

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ МУАЛЛИМИ КАЛОН

 28.01.2023 283

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ МУАЛЛИМИ КАЛОН

Дар таърихи 16-уми январи соли равон дар кафедраи молия ва қарзи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври кафедравии муҳокимаи рисолаи диссертатсионии муаллими калони кафедраи молия ва қарз Раҳматов Умед Раҷабович дар мавзуи “Хусусиятҳои таъмини сармоягузориҳои рушди иқтисодиёти минтақа (дар мисоли вилояти Хатлон)” (роҳбари илмӣ, Файзулло Машраб Қурбоналӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, проессор) баргузор гардид.

Дар муҳокима мудири кафедраи мазкур, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Комилов Низомиддин, муаллими калон Сафаров Зулфиқор, номзади илмҳои иқтисодӣ Сафаров Аъзамҷон, муаллими калони кафедра Холматов Баҳром ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.

Дар рафти муҳокима Комилов Низомиддин, Сафаров Аъзамҷон, Сафаров Зулфиқор ва дигар омӯзгорон баромад намуда, қайд карданд: “татбиқи сиёсати иқтисодёти кушод аз рӯзи аввали ислоҳоти бозор боиси густариши муносибатҳои иқтисодии минтақавӣ бо ҷаҳони беруна гардид, рушди

бахши хусусӣ барои гирифтани фоида аз субъектони иқтисодӣ, баъзан ҳатто ба зарари ҷомеа кӯшиш намуд. Аз ин мавкеъ дар ҳар як минтақаи алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳалли масъалаҳо ба монанди: ҳифзи муҳити зист; нигоҳ доштани низомҳои табиӣ; истифодаи оқилонаи омилҳои истеҳсолот, ки ба кам кардани хароҷот ва ҳадди аксар расонидани фоида; бунёд ва таҳкими заминаи устувор барои насли оянда пайдо гардид. Ҳалли ин масъалаҳои қайдгардида ба татбиқи принсипҳои рушди устувор, ки ҷорӣ намудани он дар тамоми кишвар заруранд, ишора мекунад. Дар ин замина, дар асоси ҳуҷҷатҳои стратегии давлат дар солҳои истиқлолият барномаҳои дахлдор барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ҳар як минтақаи алоҳидаи кишвар таҳия гардидаанд, ки он ба таври мӯътадил афзоиши мусбат, фаъолсозии фаъолияти иқтисодӣ ва болоравии сатҳи зиндагӣ дар минтақаҳоро, аз ҷумла дар вилояти Хатлон имконият додааст”.

Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии муаллими калони кафедраи молия ва қарз Раҳматов Умед Раҷабович бо дарназардошти тавсияҳо барои муҳокима ба зинаҳои минбаъда ба ҳимоя тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба диссертант ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.




Ба рӯйхат