,
Шанбе, 19-апрел
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсию иҷтимоии донишҷӯён ва татбиқи бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 10.04.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мулоқоти судманди намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, намояндагони мақомоти маорифу ҷавонон ва меҳмонон иштирок намуданд. Мулоқотро муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфта, дар бораи саҳми донишгоҳ дар тарбияи кадрҳои баландихтисос ва ташаккули ҷавонони дорои ҷаҳонбинии муосир суханронӣ намуд.
Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода бо суханони пурмуҳтаво баромад карда, таъкид дошт, ки сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон, таҳкими арзишҳои миллӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстӣ миёни насли наврас равона шудааст.
Мавсуф изҳор дошт, ки ҷавонон неруи созанда ва ояндасози миллат маҳсуб ёфта, онҳо бояд дар баробари аз худ кардани илмҳои муосир, инчунин дорои ҷаҳонбинии солим, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ бошанд. Зикр гардид, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва паҳн гардидани иттилооти ғайрирасмӣ, ҷавонон бояд дорои зиракии сиёсӣ бошанд ва ба ҳар гуна таблиғоти бардурӯғ ва ифротӣ дода нашаванд.
Муовини раиси вилоят бо таъкид ба таҳкими ҳисси худшиносӣ ва муқовимат ба ҳар гуна падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ, ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ, риояи арзишҳои маънавӣ ва ҳамеша пуштибони сулҳу суботи кишвар будан даъват кард. Изҳор дошт, ки “танҳо бо донишу ҷаҳонбинӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ метавонем аз ҳар гуна хатарҳои идеологӣ эмин бимонем ва дар пешрафти давлат саҳми назаррас гузорем”.
Ҳамчунин, мавсуф баргузории озмунҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ ва иштирок дар чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва варзиширо яке аз роҳҳои муҳими рушди қобилияту истеъдоди ҷавонон номид. Ҷавонон бояд бо ҷалб ба чунин платформаҳо на танҳо донишу маҳорат, балки эҳсоси масъулияти шаҳрвандии худро низ тақвият бахшанд.
Дар идомаи вохӯрӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо низ баромад намуда, нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва нақши омӯзгоронро дар ташаккули шуури сиёсӣ ва ахлоқии ҷавонон муҳим арзёбӣ намуд.
Дар ҷараёни мулоқот инчунин масъалаҳои дигар, аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ, рушди тафаккури инноватсионӣ, интихоб ва касбомӯзии дуруст, тарзи ҳаёти солим ва эҳтиром ба фарҳанги миллӣ баррасӣ шуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва самимӣ ҷараён гирифта, бо изҳори сипосу миннатдорӣ аз ҷониби устодону донишҷӯён анҷом ёфт.