, Шанбе, 19-апрел

ҚАДРДОНИИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ — АРҶГУЗОРӢ БА ЗАҲМАТИ ИЛМПАРВАРОН ДАР ҲОШИЯИ "ҲАФТАИ ИЛМ"

 08.04.2025 55

ҚАДРДОНИИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ — АРҶГУЗОРӢ БА ЗАҲМАТИ ИЛМПАРВАРОН ДАР ҲОШИЯИ "ҲАФТАИ ИЛМ"

Дар доираи баргузории Конференсияи илмӣ-назариявии ифтитоҳии “Ҳафтаи илм”, ки бахшида ба Рӯзи илми тоҷик, эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» (солҳои 2020-2040) ва 80-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид, як қатор омӯзгорони фаъоли муассиса бо мукофотҳои соҳавӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Зимни маросими қадршиносӣ ба 6 нафар омӯзгор барои саҳми арзанда дар пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот нишони  “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” тақдим гардид.

Инчунин, чанд тан аз устодон барои фаъолияти пурсамар ва саҳми назаррас дар рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо сипосномаи ректори Донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.

Ин қадрдонӣ аз дастовардҳои устодон нишони эътирофи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва меҳру муҳаббат ба соҳаи маориф буда, ангезаи тозае барои идомаи фаъолиятҳои илмии ҳайати омӯзгорон мебошад.




Ба рӯйхат