,
Якшанбе, 13-апрел
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузории дарсҳои намунавиву кушод аз ҷониби олимон, муҳаққиқону омӯзгорони донишгоҳ мунтазам ташкилу баргузор мегарданд. Дар ин росто имрӯз (04.04.2025) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби ассистенти кафедраи журналистика Муслимов Исмоил дарси кушод аз фанни технологияи мултимедиявӣ дар мавзуи “Санҷиши фейкҳо ва муайян намудани хабарҳои дурӯғин” дар гурӯҳи таълимии 204-и ихтисоси рӯзноманигорӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорони факултет гузаронида шуд.
Муслимов Исмоил дарсро тибқи муқаррароти мактаби олӣ шурӯъ намуда, дар робита ба мавзуи дарс “Санҷиши фейкҳо ва муайян намудани хабарҳои дурӯғин” маълумоти муфассал ироа намуда, зикр дошт, ки “Санҷиши фейкҳо ва муайян кардани хабарҳои дурӯғин яке аз муҳимтарин малакаҳоест, ки дар ҷаҳони пур аз иттилооти бардурӯғ ва таҳрифшуда ба ҳар кас лозим аст. Ин раванд на танҳо талаб мекунад, ки мо маълумотро санҷем, балки бояд тафаккури интиқодӣ дошта бошем ва ҳар хабарро пеш аз бовар кардан ё паҳн намудан бодиққат таҳлил кунем.
Яке аз роҳҳои аввалин барои муайян кардани хабарҳои дурӯғин таҳлили манбаи он мебошад. Ҳар хабар ё мақолае, ки ба мо мерасад, бояд аз кадом як манбаъ сарчашма гирифта бошад. Агар манбаъ расона ё вебсайти ноошно бошад, бояд санҷид, ки оё он манбаъ дар гузашта низ хабарҳои боэътимод нашр кардааст ё на. Гузашта аз ин, расонаҳои боэътимод одатан маълумоти тамосӣ, номи муҳаррирон ва суроғаи ҳуқуқӣ доранд, дар ҳоле ки сайтҳои фейкӣ аксар вақт ин гуна маълумотро пинҳон мекунанд ё пешниҳод намекунанд”.
Дар интиҳои дарс миёни донишҷӯён ва омӯзгорон баҳсу мунозираҳои судманд сурат гирифт. Донишҷӯён бо пешниҳоди саволҳои муҳим, аз ҷумла дар бораи паҳншавии фейкҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо, машғулияти таълимиро боз ҳам ҷолибтар карданд.