, Ҷумъа, 27-декабр

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

 28.01.2023 274

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

Санаи 7-уми январи соли 2023 дар толори Шурои олимони факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ – методии кафедраи назарияи иқтисодӣ баргузор гардид.

Дар семинар декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Каҷкулоев Абдухолиқ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мирсаидов Муҳаммаднаим, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Сафаров Аъзам, муаллимаи калони кафедра Давлатова Қаламнисо, ассистенти кафедраи мазкур Давлатова Рухсора, ассистенти кафедра Боймадова Сайёра ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Нахуст Боймадова Сайёра дар мавзуи “Моҳият ва хусусиятҳои рушди системаи иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа” ва Давлатова Рухсора дар мавзуи “Меъёрҳои баҳодиҳии вазъи амнияти иқтисоди корхона” баромад намуданд.

Баъди анҷоми маърӯзаҳо аз ҷониби омӯзгорон саволҳо пешниҳоди маърӯзачиëн гардид.




Ба рӯйхат