, Ҷумъа, 05-декабр

МИЗИ МУДАВВАР: РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ


МИЗИ МУДАВВАР: РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Санаи 04.04.2025 дар аз ҷониби кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Рушди забони давлатӣ дар мактаби сиёсии Пешвои миллат” баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар мудири кафедраи забони тоҷикӣ, дотсент Қувватова Муҳаббат, сардори маркази матбуоти донишгоҳ, муаллими калони кафедра Муҳаммадҷони Абдувоҳид, дотсент Мирзораҳматова Гулнома ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст мудири кафедра, дотсент Қувватова Муҳаббат суханронӣ намуда, зикр доштанд, ки рушди забони давлатӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати Пешвои миллат мебошад. Вай таъкид намуд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун омили асосии худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа нақши муҳим дорад.

Сипас, сардори маркази матбуоти донишгоҳ, муаллими калони кафедра Муҳаммадҷони Абдувоҳид роҷеъ ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва инъикоси он дар матбуоти расмӣ суханронӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки забони давлатӣ бояд дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ мақоми шоиста дошта бошад.

Дар идома муаллими калони кафедра Носирова Оламбӣ дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар инкишофи забони тоҷикӣ” ва ассистенти кафедра Қурбонова Зикамо дар мавзуи “Забон таҷрибаи таърихии халқи тоҷик” маърӯза намуданд. Маърузачиён дар навбати худ дар бораи рушди истилоҳоти илмӣ ва нақши он дар густариши доираи истифодабарии забони тоҷикӣ дар илм ва маориф суханронӣ намуданд. Афзуданд, ки забони тоҷикӣ дар замони муосир бо шарофати сиёсати Пешвои миллат ҳамқадами пешрафти илмӣ-техникӣ мебошад.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ қайд гардид, ки рушди забони давлатӣ дар замони муосир аз ҳар як шаҳрванд масъулият талаб мекунад ва барои татбиқи самараноки он ҳамкории тамоми қишрҳои ҷомеа зарур аст.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_8k7ubslnnvbr49736m0iiiqc46): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_gbuggs70paeouqh2aklqg4j4p5 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_gbuggs70paeouqh2aklqg4j4p5): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_juvk8qdp3ipe3euqnctk58c62j in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_juvk8qdp3ipe3euqnctk58c62j): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_mr0jinpo3n2eng7jjpfol23cr8 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_mr0jinpo3n2eng7jjpfol23cr8): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_q6e6ulveq7ckkb3k65g3kgqf36 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_q6e6ulveq7ckkb3k65g3kgqf36): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274