, Сешанбе, 01-апрел

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

 28.03.2025 21

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

Кадом китоб охирин бор зиндагии шуморо тағйир дод? Барои беш аз 100 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” имконияти кашфи олами нав гардид.

Ин озмун, ки соли ҳафтум аст дар саросари кишвар баргузор мешавад, на танҳо сабқати китобхонӣ, балки як мактаби андеша, суханварӣ ва маърифат аст. Бо шарофати истиқлолият ва таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар, махсусан ба соҳаи китобдорӣ, ин ташаббус сол ба сол рушд мекунад. Китоб ҳамеша яке аз унсурҳои асосии ташаккули андеша ва ҷаҳонбинии инсон боқӣ мемонад.

Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, кашфи истеъдодҳои нав, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва тақвияти донишу ҷаҳонбинии ҷавонон мебошад. Иштирокчиён на танҳо китоб мехонанд, балки онҳоро таҳлил ва баррасӣ мекунанд, фикрҳои худро баён менамоянд ва маҳорати суханварии худро сайқал медиҳанд.

Санаи 28-уми марти соли равон даври донишгоҳии озмун баргузор гардид. Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон суханронӣ намуда, аҳаммияти китобхонӣ ва нақши ин озмунро дар ташаккули маърифати ҷавонон таъкид кард. Ӯ зикр намуд, ки маҳз тавассути чунин озмунҳо сатҳи маърифати донишҷӯён боло меравад ва муҳаббати онҳо ба китобу сухани бадеӣ бештар мегардад. Дар фарҷоми суханрониаш, устод ба ҳамаи иштирокчиён барор хоста, изҳори умед кард, ки онҳо бо дониши амиқ ва муҳаббати бештар ба китоб дар ин озмун муваффақ хоҳанд шуд.

Дар он донишҷӯён аз тамоми факултетҳо дар се номинатсия — адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон — маҳорати худро санҷиданд. Аз байни зиёда аз 100 иштирокчӣ, 35 нафар ба даври донишгоҳӣ роҳхат гирифтанд ва 23 (нисбат ба соли гузашта 4 нафар зиёд) нафари беҳтарин барои идомаи сабқат ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд.

Ҳамаи иштирокчиён бо низомномаи нави озмун шинос шуда, таҳти роҳнамоии омӯзгорон барои озмун омодагии ҷиддӣ мебинанд. Озмун на танҳо як мусобиқаи адабӣ, балки як имкони арзишманд барои густариши ҷаҳонбинӣ ва такмили дониши иштирокчиён маҳсуб мешавад.




Ба рӯйхат