,
Сешанбе, 01-апрел
Санаи 28.03.2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии дотсент, мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид аз фанни медиажурналистика дар мавзуи “Журналистика чист?” дар гурӯҳи таълимии 204-и ихтисоси рӯзноманигорӣ баргузор гардид.
Дар дарс ассистентони кафедра Сафаров Бахтиёр, Наврӯзова Шамсия ва Муслимов Исмоил иштирок доштанд.
Муаллим Алишери Абдулмаҷид дарсро тибқи талаботи мактаби олӣ оғоз намуда, қайд намуд, ки журналистика воситаи асосии паҳн кардани иттилоот дар ҷомеа мебошад. Он ба ҷамъоварӣ, таҳлил ва интишори хабарҳо оид ба рӯйдодҳои муҳими ҷаҳон машғул аст. Журналистон воқеиятро таҳқиқ намуда, онро ба мардум бо забони фаҳмо мерасонанд. Ин касб дар рушди афкори ҷамъиятӣ ва ташаккули афкори иҷтимоӣ нақши муҳим мебозад. Журналистика шаклҳои гуногун дорад, аз ҷумла телевизионӣ, радиоӣ, чопӣ ва рақамӣ. Дар ҷаҳони муосир бо пешрафти технология, журналистика босуръат рушд мекунад. Мақсади асосии он таъмин намудани ҷомеа бо иттилооти дақиқ ва беғаразона мебошад.
Дар фарҷоми дарс муаллим ба донишҷӯён доир ба мавзуи болозикр саволҳо пешниҳод намуда, донишҷӯён дар навбати худ ба саволҳо ҷавобҳои мушахас гардониданд.