, Душанбе, 31-март

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ, ҲУҚУҚ ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 26.03.2025 37

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ, ҲУҚУҚ ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Санаи 26.03.2025, дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Дипломатия – василаи асосии амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсати хориҷии “Дарҳои кушода”-и Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Назарзода Пиралӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ Пирназаров Эмомназар, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, дотсент Муродова Гулчеҳр ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд.

Дар ҷараёни мизи мудаввар муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ Сафаров Ҳакимшо дар мавзуи "Самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи доктринаи сиёсати "Дарҳои кушода": ҳолат ва дурнамо” ва ассистенти кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ Маҳмадсаид Мирвалӣ дар мавзуи “Дастовардҳои сиёсати “Дарҳои кушода” дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Баъд аз пешниҳоди маърӯзаҳо, иштирокчиён доир ба мавзуъҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, андешаҳои хешро изҳор доштанд. Дар муҳокима саволҳои муҳиме вобаста ба дипломатияи муосири Тоҷикистон ва нақши он дар муносибатҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Ба рӯйхат