, Ҷумъа, 22-ноябр

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ДОНИШГОҲӢ

 28.01.2023 221

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ДОНИШГОҲӢ

Санаи 5-уми январи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи методикаи таълими физика ва техналогияи материалҳои факултети физика ва математика конференсияи илмӣ – амалии донишгоҳӣ дар мавзуи “Баланд бардоштани сифати таълими фанҳои табиатшиносӣ” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, даққиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.

Дар конференсия ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Давлатов Раҳмоналӣ,  ҷонишини декан оид ба таълим Нодиров Комил, ҷонишини декан оид ба тарбия Ашурова Саодат, мудири кафедраи методикаи таълими физика ва техналогияи материалҳо, номзади илмҳои физика Парвинаи Усмон, мудири кафедраи математика ва методикаи таълими он номзади илмҳои педагогӣ, Ниёзов Ҷонмаҳмад ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Рафиев Сафархон баромад намуда, конференсияро ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ мудири кафедраи методикаи таълими физика ва техналогияи материалҳо Парвинаи Усмон дар мавзуи “Методикаи ташкили кори хонандагон аз фанни физика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ”, саромӯзгори кафедраи мазкур Лутфияи Ҷурахон дар мавзуи “Технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар раванди таълим аз фанни физика”, ассистенти кафедра Сулаймони Абдуқаҳор дар мавзуи “Галактикаи роҳи каҳкашон”, муаллимаи  калони кафедра Қаландарова Манзура дар мавзуи “Баланд бардоштани дараҷаи мустақилияти хонандагон дар таълими техналогия”, ассисенти дигари кафедра Валиев Носир дар мавзуи “Таҳқиқоти металҳои вазнин дар таркиби гиёҳи шифобахши гули хайрӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Илова бар ин конференсия аз ду бахш иборат буд, бахши аввал “Татбиқи усулҳои фаъоли таълим дар раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ” зери роҳбарии мудири кафедра Парвинаи Усмон ва бахши дуюм “Мушкилот ва андешаҳо оид ба дурнамои татбиқи маводҳои дидактивӣ дар раванди таълими технология” бо роҳбарии муаллими калони кафедра Қаландаров Саидасрор дар мавриди  омӯзгорон маърӯзаҳои худро баромад намуданд.

Қайд карданд ба маврид аст, ки дар ҷаласаи ифтитоҳӣ ва бахшҳои конференсия зиёда аз 20 мақола мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Ба рӯйхат