, Душанбе, 31-март

ПАЙКИ НАВРӮЗӢ: ИФТИТОҲИ ОЗМОИШГОҲИ “ХИМИЯИ АНАЛИТИКӢ” ВА СИНФХОНАИ КОМПЮТЕРӢ

 20.03.2025 37

ПАЙКИ НАВРӮЗӢ: ИФТИТОҲИ ОЗМОИШГОҲИ “ХИМИЯИ АНАЛИТИКӢ” ВА СИНФХОНАИ КОМПЮТЕРӢ

Мусаллам аст, ки дар дарозои таърихи башарӣ илму маърифат, фарҳангу тамаддун равшангароиву маърифатафзоӣ ҳамчун унсурҳои муҳим барои рушд ва пойдории давлату миллатҳо нақши муҳимро ба ӯҳда гирифта, омили муҳим ва василаи олии наҷоти ҷомеаи мутамаддин гардидааст. Инчунин рушди ҳар кишвар ба низоми мукаммали илму маориф ва сатҳи саводнокии ҷомеаи он робитаи ногусастанӣ дошта, маҳз нуру зиёи дониш ва саводнокии аҳли ҷомеа пойдории ҳар давлату миллатро дар саҳифаҳои таърих ҳифз намудаву менамояд. Ба бахт ва саодати мардуми тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини эҳёи давлатдории миллӣ дар баробари таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа ба рушди соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, масоили марбут ба онро самти афзалиятноки сиёсати давлату ҳукумат арзёбӣ намудааст.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар партави ҳидоятҳои саодатбахш, омӯзаҳои хирадбунёд, сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тадбирҳои судмандро ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиду созгор барои таълиму тадриси илмҳои табиӣ, дақиқу риёзӣ роҳандозӣ намуда, санаи 20 марти соли 2025 дар ҳошияи баргузории конференсияи илмӣ-амалӣ  таҳти унвони «Закариёи Розӣ-эҳёгари илми кимиё ва тиб» бахшида ба бузургдошти 1160-солагии мутафаккири барҷастаи форсу тоҷик Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ, 80-солагии Донишгоҳ, амалигардонии нишондоди Нақшаҳои чорабиниҳои Вазорат оид ба иҷрои «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025»,  “Дар бораи ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025” дар факултети химия ва биология бо иштироки ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, аҳли раёсат, намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ, ҳайати устодону кормандони факултет, намояндагони васоити ахбори омма озмоишгоҳи химиявии “Химияи аналитикӣ” ва синфхонаи компютерӣ дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуда, мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Озмоишгоҳи мазкур дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Вазорат оид ба иҷрои «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» ҷиҳати таъмини рушди соҳаи илму техника ва тайёр намудани кадрҳои лаёқатманд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зимни маросими ифтитоҳи озмоишгоҳи химиявии “Химияи аналитикӣ” ва синфхонаи компютерӣ ректори Донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек аз нақш ва аҳамияти Наврӯзи байналмилалӣ дар таҳкими ҳамбастагӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ ва тарғиби фарҳанги сулҳу дӯстӣ ёдовар шуда, бо руҷуъ ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад».

Эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои омӯзиш ва рушди илмҳои риёзию табиӣ такони ҷиддӣ бахшида, бе шак, барои амалӣ намудани Стратегияи чоруми ҷумҳурӣ - саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳайати устодон ифтитоҳи озмоишгоҳи химиявии “Химияи аналитикӣ” ва синфхонаи компютериро рӯйдоди муҳим барои рушди илм ва таълим арзёбӣ намуда, ба раванди дарсҳои омӯзгорон ворид шуданд ва аз самаранокии технологияи муосир ва таҷҳизоти истифодашаванда дар озмоишгоҳ огоҳ гардиданд.

Зимни чорабинӣ, муаллимон ва донишҷӯён ба меҳмонон таҷрибаҳои химиявии ҷолиб нишон доданд. Ин таҷрибаҳо, ки бо истифода аз модулҳои муосир гузаронида шуданд, ба меҳмонон имконият доданд, ки шеваҳои амалии таҳқиқоти химиявиро дар амал бубинанд ва барои онҳо равшан шавад, ки чӣ гуна методҳои инноватсионӣ ва таҷҳизоти муосир барои фаҳмидани назарияҳои мураккаби химия кумак мекунанд. Дар ин баробар чорабинӣ шеваи муосири таҳсил ва таҳқиқоти илмиро ба намоиш гузошт, ки метавонад барои рушди ояндаи химия ва илмҳои дигар аҳамияти хеле муҳим дошта бошад.

Лозим ба ёдоварист, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Клоб ба номи Абуабдуллоҳи Рдакӣ ҷиҳати иҷрои муқаррароти «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025», эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва татбиқи муназзами «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» силсилаи иқдомҳоро рӯйи кор оварда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гарддидааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ: такмили барномаҳои таълимии ихтисоси биология (биотехнология) вобаста ба талаботи бозори меҳнат» бо дастгирии ВМИҶТ ва Бонки ҷаҳонии рушд дар донишгоҳ озмоишгоҳҳои таълимии «Биология (биотехнология)» ва «Химияи органикӣ» таъсис ёфта, ба дигар озмоишгоҳои таълимӣ таҳизоти озмоишгоҳӣ ворид карда шуд.

Ҳоло дар донишгоҳ 25 кабинети фаннӣ (Зоология, Ботаника, Экология, Биология, Методикаи таълими химия, Методикаи таълими биология, Анатомия, Физиологияи синусолӣ ва гигиенаи мактабӣ, Химия, Химияи таҳлилӣ, Корозия ва ҳимояи металҳо, Сиёсатшиносӣ, Ҳуқуқшиносӣ, Таърихнигорӣ, Адабиётшиносии рус, Маркази таълимии “Фазои русӣ”, Методикаи таълими физика, Методикаи таълими информатика, Компанентҳои миллӣ, Технологияи коркарди чуб, Информатика, Физиология, Санъати тасвирӣ, Географияи табиӣ, Баҳисобгирии муҳосибӣ) ва 22 озмоишгоҳи таълимӣ («Физикаи атом», «Физикаи ҷисмҳои сахт», «Илмӣ-тадқиқотӣ», «Электротехника», «Радиотехника», «Электроника», «Физикаи мактабӣ», «Меодикаи таълими физика», «Технологияҳои коркарди масолеҳҳо», «Нақлиёт», «Конпонентҳои миллии минтақавӣ», «Химияи таҳлилӣ», «Биология (биотехнология)», «Химияи ѓайрорганикӣ», «Физиологияи одам ва ҳайвон»,  «Химияи органикӣ», «Физиологияи растаниҳо», «Химияи аналитикӣ») амал мекунад, ки аз ин шумора 7 озмоишгоҳи таълимӣ («Биология (биотехнология)», «Физиологияи растаниҳо»; «Физиологияи одам ва ҳайвон»; «Химияи органикӣ»; «Химияи таҳлилӣ»; «Электроника». «Химияи аналитикӣ») аз соли 2021 ин ҷониб таъсис ёфтааст.

Ҳамзамон ҷиҳати фароҳамсозии шароити мусоиди таълиму тадрис дар муассиса соли таҳсили 2023-2024 3 озмоишгоҳи дигар («Химияи ғайриорганикӣ»; «Механика» ва озмоишгоҳи «Барқ» ба номи академик Каримов С.К.) азнавсозӣ шуда бо таҷҳизотҳои муосири таълимӣ таъмин гардонида шуда, дар онҳо шароити муназзам ҷиҳати пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотии унвонҷӯён ва таълиму тадриси  фароҳам оварда шудааст.

Инчунин дар донишгоҳ 3 синфхонаи лингофонӣ дар заминаи факултети филологияи хориҷӣ амал мекунад. Дар ин раддиф аз соли 2017 дар заминаи факултети филологияи тоҷик ва журналистика радиои «Суруши ҷавонӣ» фаъолият дорад.

Раёсати донишгоҳ татбиқи муқаррароти барномаву нақшаҳои фавқро ҷиҳати фароҳамсозии имконоти таълиму тадрис дар донишгоҳ самти афзалиятноки фаъолияти худ дониста, дар ин ҷиҳат иқдомот ва тадбирҳои судмандро минбаъд низ рӯйи даст мегирад. Ифтитоҳи озмоишгоҳи замонавии “Химияи аналитиӣ” дар ҳошияи Наврӯзи хуҷастапай аз зумраи тадбирҳои мазкур аст. Озмоишгоҳи “Химияи аналитиӣ” ва дигар озмоишгоҳу кабинетҳои фаннии Донишгоҳ бо дастовардҳои инноватсионии илму техника муҷаҳҳаз буда, барои тадриси дарсҳои самараноки озмоишии омӯзгорони фанҳои соҳавӣ, барангехтани шавқу завқи муҳассилин, ташвиқ ва сафарбарсозии онҳо ба масири илму ихтироот, пажӯҳишҳо дар мавриди обу иқлим, тадбирҳои ҳифзи пиряхҳо, ҳамгироии илм бо истеҳсолот, татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ бобати саноатикунонии босуръати кишвар, дарёфту коркард, пешниҳод ва татбиқи механизмҳои «иқтисоди сабз», таъмини рушди устувор ва некуаҳволии рӯзафзуни халқи саодатманди Ватани азизу маҳбуб заминаҳои воқеиву муътамад эҷод мекунанд.

Донишҷӯёни донишгоҳ низ зимни сӯҳбат таъсису ба истифода додани озмоишгоҳ ва синфхонаи мазкурро идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, онро туҳфаи арзандаи роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Наврӯзи оламафрӯз ва 80-солагии Ддонишгоҳ арзёбӣ карда, барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайваста нисбат ба амалигардонии дастурҳои роҳбарияти олии кишвар дар самти маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ба раёсати донишгоҳ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар охир ба устодону донишҷӯён дастур дода шуд, ки аз имкониятҳои мусоид ва арзандаи озмоишгоҳ ва синфхонаву китобхонаи электронӣ истифода бурда, ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои хуб чораҳои зарурӣ анҷом диҳанд.

Муҳаммадҷони Абдувоҳид, рӯзномаи “Анвори дониш”




Ба рӯйхат