, Душанбе, 31-март

МИЗИ МУДАВВАР: ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ

 19.03.2025 32

МИЗИ МУДАВВАР: ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ

Санаи 18.03.2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи журналистика мизи мудаввар дар мавзуи “Тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ” баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар мудири кафедраи журналистика, дотсент Алишери Абдулмаҷид, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст мудири кафедра, дотсент Алишери Абдулмаҷид суханронӣ намуда, зикр доштанд, ки “Тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ на танҳо масъулияти мактаб ва ҷомеа, балки вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Ҳифзи ҳувияти миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ моро дар шароити тағйирёбии ҷаҳонӣ ҳамчун як миллати босубот ва мустақил нигоҳ медорад.”

Сипас, дотсент Одинаева Марҳабо дар мавзуи “Ватандӯстӣ шараф аст ”, ассистенти кафедраи журналистика Гадоева Фирӯза дар мавзуи “Инъикоси мавзуъҳои ватандӯстӣ ва худшиносӣ дар барномаҳои телевизиони кӯдакону наврасон "Баҳористон"” маърӯза намуданд.

Мизи мудаввар бо мубодилаи афкор миёни омӯзгорон ва донишҷӯён ба охир расид.




Ба рӯйхат