,
Шанбе, 29-март
Санаи 18.03.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи васеи кафедраи умумидонишгоҳии педагогика оид ба муҳокимаи пешакии диссертатсияи доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони донишгоҳ Ҷумъахон Алимӣ дар мавзуи “Рушди фазои солими таҳсилотии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (ҷанбаҳои назарӣ ва амалӣ)” (мушовири илмӣ Мирализода Абдусалом Мустафо – доктори илмҳои педагогӣ, профессор, мудири кафедраи педагогикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ доир шуд.
Дар ҷаласа доктори илмҳои педагогӣ, профессор Изатова Муҳаббат, довталаби дараҷаи илмӣ, мушовири илмии ӯ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, муқарризон ва ҳайати устодону кормандони илмӣ иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокима ба ҳайси муқарриз доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мухаметов Гапур, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи таҳсилоти томактабӣ Иззатова Муҳаббат, мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогика, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Назаров Ҳотам баромад намуда, ҳусну кубҳи диссертатсияро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, диссертатсия Ҷумъахон Алимӣ бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.