,
Шанбе, 29-март
Имрӯз, 18.03.2025 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими он мизи мудаввар дар мавзуи “Роҳҳои ғанӣ гардонидани захираи луғавии нутқи гуфторӣ ва навиштории хонандагони синфҳои ибтидоӣ” бо иштироки намояндагони раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар маърӯзаи дотсенти кафедра Шералиева Садбарг дар мавзуи “Луғатомӯзӣ-омили асосии рушди нутқи гуфторӣ ва навиштории хонандагони синфҳои ибтидоӣ” ва муаллими калони кафедра Ҷураев Бобохон дар мавзуи “Роҳҳои ғанӣ гардонидани захираи луғавии нутқи гуфторӣ ва навиштории хонандагони синфҳои ибтидоӣ” шунида шуд.
Дар бахши музокирот миёни иштирокчиёни мизи мудаввар мубодилаи афкор сурат гирифт.