, Шанбе, 29-март

ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР КӮДАКИСТОНИ "СИТОРА"-И НАЗДИ ДОНИШГОҲ

 18.03.2025 47

ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР КӮДАКИСТОНИ "СИТОРА"-И НАЗДИ ДОНИШГОҲ

Дар кӯдакистони "Ситора"-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ кӯдакон бо шеъру суруд, рақсу саҳначаҳои ҷолиб ва намоиши анъанаҳои наврӯзӣ меҳмононро шод намуданд.

Ҷашн бо суханронии масъулони кӯдакистон ва падару модарон оғоз ёфта, сипас кӯдакон бо иҷрои барномаи рангини худ фазои идонаро гармтар карданд. Онҳо расму оинҳои Наврӯзро, аз ҷумла "Гулгардонӣ", "Суманакпазӣ" ва дигар оинҳо тавассути саҳначаҳо ба намоиш гузоштанд.

Муаллиму тарбиятгарон низ дар омода намудани барнома саҳм гузошта, кӯдаконро ба гиромидошти суннатҳои миллӣ ҳидоят карданд. Чорабинӣ бо рақсу суруд ва орзуҳои нек ба поён расид, ки ба иштирокдорон рӯҳияи идона бахшид.




Ба рӯйхат