,
Шанбе, 29-март
Бо чунин ном имрӯз (17.03.2025) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром, декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад, мудирони кафедраҳо ва ҳайати устодону донишҷӯён иштирок доштанд.
Ҳамоишро декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад ҳусни оғоз бахшида, зимни ироаи сухани муқаддамотии ҳамоиш қайд намуд, ки “Наврӯзи Аҷам- яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардумони ориёӣ буда, рамзи эҳёи табиат, оғози соли нави астрономӣ ва пирӯзии равшанӣ бар торикӣ мебошад. Наврӯз барои мо на танҳо оғози сол, балки рамзи дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва эҳёи суннатҳои фарҳангии мост. Ин ҷашн моро ба муҳаббат, сулҳ ва эҳтироми ҳамдигар даъват мекунад. Бигзор ҳар як хонадони тоҷик дар ин рӯз пур аз шодӣ, файз ва нуру баракат бошад!”.
Дар идома сардори раёсати тарбияи донишгоҳ Холматов Баҳром ва доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷик Ашурова Нодира суханронӣ намуда доир ба таърих ва моҳияти паёдоши Наврӯзи оламафрӯз ибрози андеша намуданд. Профессор Ашурова Нодира таъкид дошт, муҷиби шодии мост, ки шукуҳу ҷойгоҳи шоистаи Наврӯз дар Ватани мо таҷдид мегардад ва натиҷаи талошҳои андешапарварони 50 соли охир ва кишвари озоду ягонаи тоҷиконро сарварӣ доштани тоҷики асил ва фарҳангпарвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шудааст, то ҷашни бузурги миллии мардумони эронинажод – Наврӯз барои ҳамфаҳмии халқҳо ва кишварҳо равона гардад.
Наврӯз дар сайри чандҳазорсолаи худ аз миёни тирарӯзиҳо гузашта, то замони мо расидааст. Он ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон, ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ – 1-уми фарвардин (аввали ҳамал) ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд.
Дар идома барномаи рангини фарҳангии донишҷӯёни факултет, ҳунармандони бахши фарҳанги Донишгоҳ бо қироати порчаҳои шеърӣ дар васфи Наврӯз, иҷрои суруду таронаҳои дилангез ва рақсу бозии ҷаззоб шаҳомоти чорабиниро афзун намуда, хотири ҳозиринро шод гардонид.
Чорабинии мазкур на танҳо ҳамчун як ҳамоиши фарҳангӣ, балки ба сифати ҷамъомади муҳими илмию таълимӣ бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти Наврӯзи хуҷастапай ва анъанаҳои халқи тоҷик равона гардида буд.