, Шанбе, 29-март

ҲАМОИШ ДАР ҲОШИЯИ САФАРИ ПРЕЗИДЕНТ БА ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

 15.03.2025 63

ҲАМОИШ ДАР ҲОШИЯИ САФАРИ ПРЕЗИДЕНТ БА ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

15 марти соли 2025 бо ташаббуси кафедраи фалсафаи муассиса дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки ҳайати устодону донишҷӯён ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳ ва амният дар минтақа ва ҷаҳон” дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Ба кори ҳамоиш сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, дотсент Шарипов Анвар ҳусни оғоз бахшида, ишора намуд, ки ташаббусҳои сулҳофаронаи Президенти маҳбубу муаззами кишвар, Пешвои хирадрою маърифатпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким бахшидани амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ва робитаҳои дӯстии мардумони кишварҳо беназир мебошад.

Дар идома тибқи барнома Ғаюров Лоиқ - дотсент, мудири кафедраи фалсафа дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон - шахсияти сулҳофар”, Изатов Умедҷон - муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ, директори Парки технологии донишгоҳ дар мавзуи “Созишномаи таърихӣ: чӣ гуна сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро тағйир дод”, Яқубзода Фирӯз - дотсент, сармутахассиси раёсати таълим дар мавзуи “Зарурат ва дурнамои сиёсати дарҳои кушодаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон” ва Шокирзода Аёз - ассистенти кафедраи фалсафа дар мавзуи “Аҳамияти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва стратегии сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон” маърӯза намуда, таъкид доштанд, ки сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон рӯйдоди басо муҳиму таърихиест, ки дар таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар нақши калидӣ дорад. Ин сафар бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун ду давлати ҳамсоя ва шарикони стратегӣ барои рушди мутақобилан судманд ва мустаҳкам кардани дӯстиву ҳамгироӣ саъю кӯшиши муштарак доранд.

Дар қисмати музокирот дотсент, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Шарофат Худойдодова ва сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистону Қирғизистон решаҳои амиқи таърихиву фарҳангӣ дошта, халқҳои ду кишвар замони мадид боз бо ҳам робитаи зичи тиҷорӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ пеша намуда, дар фарози таърих ҳамеша дӯстиву бародариро ҳифз кардаанд. Дар замони муосир низ ин раванд идома дорад ва бо талошҳои роҳбарияти ҳарду давлат ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун густариш меёбанд.




Ба рӯйхат