, Душанбе, 31-март

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

 14.03.2025 66

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

Имрӯз, 14.03.2025 дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯён бо иштироки садорати факултет ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Маҳфил бо суханронии декани факултет, дотсент Наврӯз Носири оғоз гардид.

Сипас, донишҷӯёни курси дуюми факултет Фармонов Насридин дар мавзуи “Тайёр намудани муаллимони фанни омодагии дифои ҳарбӣ ба дарс” ва Сафаров Анушервон дар мавзуи “Намудҳои ҷинояти ҳарбӣ ва ҷавобгари нисбати онҳо дар хизмати ҳарбӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир миёни иштирокчиёни маҳфил мубодилаи афкор сурат гирифт.




Ба рӯйхат