, Шанбе, 29-март

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

 14.03.2025 125

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

14 марти соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 80-солагии таъсисёбии Донишгоҳ ва 21-уми март “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Шароитҳои гидрологии Тоҷикистон ва ҳифзи манбаъҳои обӣ-омили таъмини рушди иқтисодиёти сабз дар минтақа» баргузор гардид.

Пеш аз оғози Конференсия иштирокчиён дар даромадгоҳи бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба намоиши асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону омӯзгорон шинос шуданд.

Конференсия дар толори Донишгоҳ идома ёфта дар он ректор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, олимону муҳаққиқон ва коршиносони соҳа аз донишгоҳу донишкадаҳои дохилу хориҷи кишвар, Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, устодону донишҷӯён иштирок доштанд.

Ректори Донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани ифтитоҳии конфронс ҳайати меҳмононро ба муассиса хайрамақдам гуфта, ҳузури онҳоро боиси ифтихор ва шодии афзуни ҳайати кормандон ва ташкилкунандагони ҳамоиши илмии сатҳи баланд арзёбӣ намуд. Дар идома бо таваҷҷуҳ ба ташаббусҳои байналмилалии Роҳбарияти олии кишвар иброз гардид, шарти шукргузории мудом аст, ки Тоҷикистони азизу маҳбуб ва ягона хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон аз файзи ойини хирадбунёду сулҳпарварӣ, сиёсати муваффақонаву инсонмеҳваронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 33 соли истиқлоли давлатӣ дар соҳаҳои мухталиф ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар арсаи ҷаҳон, миёни кишварҳои мутараққии олам мақоми шоистаро касб намудаву ҳамчун як давлати дар ҳоли рушду тавсеа ва ташаббускор эътироф гардидааст.

Фарзанди фарзонаву некрой, бофазлу дониш, Раҳбари бонуфузу соҳибэътибор, ҷасуру фидокор, Сарвари қавмдӯсту ҷавонпарвар Пешвои илҳомбахшу маҳбуби тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ, шоистагиҳои сарварӣ ва фазилатҳои фарзонагӣ ҳануз чандсолаҳо муқаддам набзи ҷаҳони муосир ва воқеияти табиии сайёраро дарк карда, ба ташаббусҳои ифтихорангез, иқдомоти наҷибу шоёни таҳсин ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли масоили тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо, таъмини амнияти экологии инсоният даъват намуда, раванди татбиқи ҳамгироии муштараки нақшаҳо зарфи беш аз бист соли охир дар меҳвари ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Дар воқеъ, мубрамияти хос доштани масъалаи ҳифзи муҳити зисти солим дар ҷаҳони муосир, ҳамчун заминаи асосии таъминкунандаи ҳаёти наслҳои ояндаи башарият, бо назардошти тағйирёбии иқлим, таъсири инсон ба табиат, рушди рӯзафзуни технология ва намудҳои гуногуни саноат, воқеияти бебаҳс аст.

Ташаббусҳои ҷаҳонии татбиқшудаи ҷониби Тоҷикистон оид ба масоили об, монанди «Соли оби тоза» (соли 2003), Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), «Дипломатияи об ё риштаи ҳамкорӣ дар масоили об» (соли 2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки мавриди амал қарор дорад, далели возеҳи нуфузу эътибори ҷаҳонии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мубрамияти масоили баррасишаванда мебошанд.

Дар идома тибқи барномаи конфронс Қаюмов Абдулҳамид Қаюмович-Академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, сарходими илмии Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар мавзуи “Саҳми Тоҷикистон дар талошҳои ҷаҳонӣ, ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо: таҳлили ҳолат ва динамикаи пиряхи Ванҷях (Федченко)”; Муртазаев Уктам Исматович-доктори илмҳои географӣ, профессори кафедраи географияи табиии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуи “Некоторые аспекты управления трансграничными водными ресурсами в Центрально Азиатском регионе”; Мамаризохонов Акбар Алихонович-доктори илмҳои биология,  профессори кафедраи география ва туризми Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар мавзуи “Нақши захираҳои обии Тоҷикистон дар рушди самаранокии соҳаи сайёҳӣ”; Диловаров Раҳматшоҳ - номзади илмҳои география, дотсенти кафедраи геогафияи иқтисодӣ, иҷтимоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриидин Айнӣ доир ба “Хусусиятҳои географии яхбандиҳо ва масъалаҳои омӯзиши илмии онҳо” ва Зырянов Алекандр Иванович-доктори илмҳои география, профессор, мудири кафедраи туризми Донишгоҳи давлатии миллии тадқиқотии Перми Россия дар мавзуи “Туризм дар куҳҳо: минтақаҳо ва тамоюлҳо” (тариқи маҷозӣ) маърӯзаҳои илмӣ ироа намуданд.

Иброз гардид, ки тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад, борҳо аз ҷониби Пешвои миллат аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ садо додааст. Ҳамчунин, бо истидлолу таҳлили амиқ манзур шуда, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Биноан, Пешвои эътирофшудаи асри XXI муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ҷомеаи ҷаҳониро барои таҳия ва татбиқи ҳар чи зудтари чораҳои зурурии муштарак ҷиҳати ҳалли масоили экологӣ даъват намудаанд.

Аз ҷумла 3 марти соли 2021 зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар сиғаи видеоконференсия пешниҳод намуданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Зимнан, қобили зикр аст, ки бори аввал соли 2009 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Конфронси байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Копенгаген зарурати таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро пешниҳод карда буданд.

Хушбахтона, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид санаи 14 декабри соли 2022 зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қабул кард. Мояи ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои манзуршудаи Пешвои муаззами миллат бобати (1) эълон шудани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; (2) Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; (3) таъсиси Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо дар назди СММ; (4) соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд.

Конференсияи имрӯза дар шакли мустақим ва фосилавӣ (онлайн) доир гардид, ки дар он олимон, муҳаққиқон, аз мактабҳои олии дохил ва хориҷи кишвар аз ҷумла аз Федератсияи Россия иштирок намуда, дар кори он баррасии беш аз 70 мақолаи илмӣ дар назар дошта шудааст.

Дар анҷоми қисми пленарии конфронс ба як қатор фаъолон ва олимону муҳаққиқон сипосномаи Раёсати донишгоҳ супорида шуд.




Ба рӯйхат