,
Душанбе, 31-март
Имрӯз (14.03.2025) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Рӯзноманигори ҷавон”-и назди кафедраи журналистика баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедраи журналистика, дотсент Алишери Абдулмаҷид, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Одинаева Марҳабо, ассистенти кафедра Муслимов Исмоил ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.
Нахуст маҳфилро мудири кафедра, дотсент Алишери Абдулмаҷид оғоз намуда, оид ба маърӯзаҳои баррасишавандаи маҳфил маълумот дод.
Сипас, Шарипова Дилафрӯз-донишҷӯи курси дуюми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзуи “Вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии ҷавонон дар барномаҳои телевизиони Тоҷикистон” ва Назарова Лола-донишҷӯи курси чорум дар мавзуи “Маҳорати омода шудан ва ба эфир баромадани журналист” баромад намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни иштирокчиён ба анҷом расид.