, Шанбе, 15-март

ДАРСИ НАМУНАВӢ: ЖАНРҲОИ ПУБЛИТСИСТИЮ БАДЕӢ. ЛАВҲА

 06.03.2025 48

ДАРСИ НАМУНАВӢ: ЖАНРҲОИ ПУБЛИТСИСТИЮ БАДЕӢ. ЛАВҲА

Санаи 06.03.2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии ассистенти кафедраи журналистика Наврӯзова Шамсия аз фанни асосҳои фаъолияти эҷодии журналистика дар мавзуи “Жанрҳои публитсистию бадеӣ. Лавҳа” дар гурӯҳи таълимии 303-и ихтисоси рӯзноманигорӣ баргузор гардид.

Дар дарс мудири кафедра, дотсент Алишери Абдулмаҷид, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Одинаева Марҳабо ва ҳайати омӯзгорони кафедра иштирок доштанд.

Муаллим Наврӯзова Шамсия дарсро тибқи талаботи мактаби олӣ оғоз намуда, қайд намуд, ки лавҳа яке аз жанрҳои публитсистӣ ва бадеӣ мебошад, ки бо тасвирҳои равшан, эҳсосотӣ ва кӯтоҳи худ фарқ мекунад. Ин жанр асосан барои баён кардани як лаҳза, ҳолат, шахсият ё рӯйдоди таъсирбахш истифода мешавад. Муаллиф дар лавҳа кӯшиш мекунад, ки бо истифода аз тасвирҳои бадеӣ ва суханони таъсирбахш хонандаро ба ҷаҳонбинии худ ворид созад. Лавҳа на танҳо як манзара ё воқеаи мушаххасро тасвир мекунад, балки ҳиссиёт ва рӯҳияи лаҳзаро низ таҷассум менамояд. Ин жанр бо мухтасарӣ ва таъсиргузории худ хонандаро ба андеша водор карда, ӯро ба таҷрибаи шахсӣ ё эҳсосоте, ки дар лавҳа тасвир шудааст, наздик месозад. Бо шарофати чунин хусусиятҳо, лавҳа яке аз жанрҳои серталаб дар адабиёти публитсистӣ ва бадеӣ ба ҳисоб меравад.

Дар фарҷоми дарс муаллим ба донишҷӯён доир ба мавзуи болозикр саволҳо пешниҳод намуда, донишҷӯён дар навбати худ ба саволҳо ҷавобҳои мушахас гардониданд.




Ба рӯйхат