,
Чоршанбе, 02-апрел
Дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муносибати Рӯзи модар ва бо мақсади рушди маърифат, фарҳанг ва ҳунарҳои миллӣ озмуни маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони "Маликаи факултет-2025" баргузор гардид. Дар озмун садорати факултет, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Озмун бо суханронии декани факултет, Зулфиев Гадомад, оғоз гардид. Зимни баромади худ аҳамият ва моҳияти баргузории ин гуна озмунҳоро таъкид намуда, онро ҳамчун василаи таҳкими анъанаҳои миллӣ ва рушди маҳорати эҷодию фарҳангии донишҷӯён арзёбӣ намуд.
Озмун аз рӯи 7 шарт гузаронида шуд, ки ҳар яке ҳунар ва истеъдоди иштирокчиёнро ба намоиш гузошт:
Пас аз ҷамъбасти озмун, "Маликаи факултет-2025" муайян гардид ва аз ҷониби садорати факултет бо тоҷ ва сипоснома сарфароз гардонида шуд. Дигар иштирокчиёни озмун низ бо сипоснома қадрдонӣ шуданд, ки ин нишонаи арҷгузорӣ ба ҳунар ва меҳнати онҳо буд.
Баргузории чунин озмунҳои фарҳангӣ на танҳо ба рушди истеъдод ва эҷодкории донишҷӯён мусоидат мекунад, балки онҳоро ба арҷгузорӣ ва эҳтироми фарҳанги миллӣ ҳидоят менамояд.