,
Душанбе, 31-март
Бо чунин ном санаи 05.03.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ - фароғатӣ бахшида ба Рӯзи модар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Донишгоҳ, занону бонувони фаъоли шаҳр, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани шодбошӣ модарону бонувони арҷуманд, устодону донишҷӯёни Донишгоҳ ва кулли занону бонувони хуштолеи кишвари озоду обод ва хурраму соҳибистиқлолро ба муносибати ҷашни зебову пурнишот, маҳбубтарин иди инсоният, ҷашни шодии дилҳо, рамзи садоқату вафодорӣ – Рӯзи модар, ки ҳамасола бо фарорасии фасли баҳору шукуфтанҳо ва таҷлил аз ҷашни миллии мардуми фарҳангпарвар – Наврӯзи оламафрӯз истиқбол мегардад, самимона табрик гуфта, ба ҳозирин ва кулли зан-модари тоҷик саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу намуданд.
Аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва эҳтироми беандоза нисбат ба Зан-Модар ташкил медиҳад. Зан чи дар мақоми баланди модар ё ҳамсар, чи ба сифати хоҳар ё фарзанд тимсоли малоҳати ҳусн, гармии қалб, латофати эҳсос ва наҷобати рафтор мебошад.
Ҷашни фархундаи модарону бонувон муждаи расидани баҳори хуҷастапай ва ҷашни Наврӯзи Аҷам буда, дар ин айём табиат аз нав эҳё ва хурраму дилкаш мегардад; занону бонувон либосҳои миллии чакан, атласу адрас ба бар карда, фазои кӯчаву хиёбон, боғу гулгаштҳо, идораву корхонаҳо намои идона мегардад. Рангорангии табиат ва тобишҳои рангҳои либосҳои миллӣ ба ҳусни модарону бонувони мо зебоиву назокати бештар зам мекунад. Яъне фасли баҳор, ки ба табиати модарону хоҳарони мо созгор аст, сиришти зебоипарастии онҳоро таровати баҳорона мебахшад.
Гуфта шуд, ки дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону бонувони соҳибэҳтироми тоҷик, ки қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад ва сиришти онҳо аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш офарида шудааст, нишонаи арҷгузорӣ ба олиҳаест, ки бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, илму маърифатро парвариш мекунад ва тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти инсон ва рушду камоли башар сарф менамояд.
Ишора рафт, ки 41%-и ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро занон ташкил медиҳанд, ки дар зинаҳои гуногун кор ва фаъолият доранд.
Донишгоҳ имрӯз бо кормандон ва дастпарварони муассиса, ки дар оғӯши ин боргоҳи илму маърифат-парвозгоҳи ҳазорон фарзандони фарзонаву номвар, ходимони варзидаи илмиву сиёсӣ, ҳомиёни ҷонфидову эҳёбахши адабу фарҳанги миллӣ, равнақбахшони пурмаҳсули Ватани азизу маҳбуб, парвариш ёфтаву аз ҳамин даргоҳи муқаддас ба ҷодаи камолот гомҳои устувор гузоштаву номи донишгоҳи азизи хешро то қуллаҳои баланди шуҳрат бурдаанд, ифтихор мекунад.
Ҳамчунин дар идома бо як ҷаҳон самимияту муҳаббат иброз доштанд, ки ҷашни фархундаи модар, ки дар арафаи бузургтарин ҷашни миллиамон – Наврӯзи оламафрӯз мувофиқ омадааст, бигузор барои Шумо дар иҷрои вазифаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ файзу нусрат оварда, симои Шуморо ҳамчун зани фархундаву зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару гурдофарид, ватандору бунёдкор ва ҳунарманду кадбону барои ҳамешагӣ ҷовидон гардонад.
Дар идомаи чорабинӣ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб- Қурбонзода Наргис ва чанде аз бонувони фаъол ба сухан баромада кулли иштирокчиён ва занону бонувонро ба Рӯзи модар табрику шодбош гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди корҳои бунёдиву созандагиро таманно намуданд.
Дар идома раёсати Донишгоҳ як гурӯҳ омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни муассисаро барои саҳми назаррас дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу фарҳангӣ, фаъолияти пурмаҳсули омӯзгорӣ, тарбияи насли худогоҳу ватандӯст, омодасозии мутахассисони соҳибкасбу рақобатпазир, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бахшида ба Рӯзи модар бо "Сипоснома"-и ректори Донишгоҳ сарфароз гардонид.
Дар қисмати дигари чорабинӣ барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатии ансамбли “Наво”-и бахши фарҳанги Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи модар бо фарогирии суруду таронаҳои тараннумгари меҳру муҳаббат, азамату бузургии Зан-Модар, васфи зебоии ин олиҳаи ҳастӣ ва тараннуми сулҳу дӯстӣ табъи ҳозиринро болида гардонида, ба дилҳо шодиву сурур бахшид.
Муҳаммадҷони Абдувоҳид,
"Анвори дониш"