, Шанбе, 15-март

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ, ҲУҚУҚ ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 04.03.2025 53

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ, ҲУҚУҚ ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Санаи 04.03.2025 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих мизи мудаввар дар мавзуи “Масъалаи ба имзо расидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар Холмуродзода Меҳрафрӯз, номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Назарзода Пиралӣ, муовини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Файзов Рамазон, муаллими калони кафедра Каримзода Исроил ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст мудири кафедра Холмуродзода Меҳрафрӯз суханронӣ намуда, доир ба мавзуи “Ба имзо расидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва натиҷаҳои он” баромад намуд.

Сипас, муаллимони калони кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих: Сайдализода Рустам дар мавзуи “Таърихи таъсисёбии комиссияи оштии миллӣ”, Носиров Хол дар мавзуи “Нақш ва мақоми ваҳдат дар тақдири миллати тоҷик” ва Фаризаи Давлатмурод дар мавзуи “ Ваҳдатгаро ва арзиши ваҳдати миллӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар бахши музокирот доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Назарзода Пиралӣ фикру андешаҳои худро вобаста мавзуи болозикр баён карданд.

Ҳамин тавр мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат