, Душанбе, 31-март

ТАҚСИМОТИ ПЕШАКИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ РАВИЯИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА

 04.03.2025 66

ТАҚСИМОТИ ПЕШАКИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ РАВИЯИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА

3.03.2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ корҳои фаҳмондадиҳии Комиссияи донишгоҳӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагони соли таҳсили 2024-2025 мутобиқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 22-уми феврали соли 2025 таҳти рақами №46 баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ Амиров Файзуллохуҷа, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ Бобоев Бахтовар, мутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ Раҳмонов Зафар, декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад ва донишҷӯёни хатмкунанда иштирок доштанд.

Дар кори ҷаласа Комиссияи донишгоҳӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагони Донишгоҳ ба ҳар як хатмкунанда сӯҳбатҳои инфиродӣ намуда, онҳоро бо талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (аз 27.05.2017, №262) ва “Дар бораи тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр кардани мутахассисон харҷ шудаанд” (аз 29.11.2022, №563) шинос намуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва оқибатҳои риоя накардани санадҳои зикргардидаро ба онҳо фаҳмониданд.

Дар охир, доир ба баъзе масъалаҳо дар робита ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкунандагон миёни мутахассисони ҷавон ва ҳайати комиссия саволу ҷавоб доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯриҳо дар тамоми факултетҳои Донишгоҳ ба нақша гирифта шудаанд ва дар навбати худ бо хатмкунандагон анҷом дода мешаванд.




Ба рӯйхат