,
Чоршанбе, 02-апрел
Имрӯз (27.02.2025) Давлатов Гулаҳмад – муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар гурӯҳи таълимии 201-и ихтисоси аудит ва ревизияи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра дарси кушоди тарбиявӣ гузаронид.
Мавзуи дарс “Тарбия ва маърифати экологии ҷавонон” муқаррар гардида буд, ки устод зимни баромади хеш донишҷӯёнро бо моҳияти асосии мавзуъ ошно сохт. Ҳамчунин, муаллим дар раванди дарс қайд намуд, ки тарбия ва маърифати экологии ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир ба ҳисоб меравад. Бо афзоиши мушкилоти экологӣ, аз ҷумла ифлосшавии ҳаво, камшавии захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим, баланд бардоштани шуури экологӣ дар байни ҷавонон аҳамияти хосса пайдо мекунад.
Бо мақсади таҳкими маърифати экологӣ ва ташвиқи ҳисси масъулиятшиносии донишҷӯён нисбат ба муҳити зист, дар қисмати амалии дарс донишҷӯён бо роҳбарии устодон дар саҳни факултет корҳои экологӣ анҷом доданд. Онҳо барфи гирду атрофро тоза намуда, дарахтонро аз зери барфу ях озод карданд.