, Ҷумъа, 27-декабр

ВОХӮРИИ РАИСИ ИЖТ БО РӮЗНОМАНИГОРОНИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ

 17.01.2023 254

ВОХӮРИИ РАИСИ ИЖТ БО РӮЗНОМАНИГОРОНИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ

Санаи 17-уми январ дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода бо рӯзноманигорони минтақаи Кӯлоб баргузор гардид.
Нахуст Зиннатулло Исмоилзода оид ба самтҳои афзалиятноки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки мавзуи ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ яке аз бахшҳои муҳими Паём ба шумор рафта, вазифаи мо рӯзноманигорон мебошад, ки дар самт бештару беҳтар фаъолият кунем.
Таъкид гардид, ки дар ин ҷаҳоне, ки гурӯҳҳои ифротгаро дар ҳоли рушд кардан ҳастанд, бояд зиракиро аз даст надода, бар зидди онҳо муборизаи иттилоотӣ бубарем.
Сипас, устод Ҳақназар Ғоиб, Зафар Мирзоён, Шарофат Худойдодова ва дигарон суханронӣ намуда, аз дастовардҳои солҳои истиқлол ва рӯзҳои вазнини таърих ёдовар шуданд.




Ба рӯйхат