, Душанбе, 31-март

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ  МАТЕМАТИКОНИ ҶАВОН

 27.02.2025 64

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ  МАТЕМАТИКОНИ ҶАВОН

Имрӯз (27.02.2025) дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Математикони ҷавон” бо иштироки роҳбари маҳфил ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.

Нахуст, роҳбари маҳфил, муаллими калони кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо Кулобиев Мирзо суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд.

Сипас, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси математикаи амалӣ Ҳайдарова Сумая дар мавзуи “Ҳалли муодилаи диференсиалии хаттӣ” баромад намуд.

Дар охир маҳфил бо ҳалли мисолу масъалаҳо ва саволу ҷавоб миёни донишҷӯён ба охир расид.




Ба рӯйхат