,
Ҷумъа, 14-март
24 феврали соли 2025 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Масъалаҳои рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ” бахшида ба 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардида, ҳадафи он баррасии ҷанбаҳои муҳими рақамикунонии иқтисодиёт ва таҳлили мушкилоти ҷорӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ буд.
Дар семинар декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, муовини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Вазирзода Дилором, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Куганов Неъматулло ва гурӯҳи донишҷӯён иштирок доштанд.
Семинар бо сухани ифтитоҳии декани факултет, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ оғоз гардид. Зимни баромади худ ӯ аҳамияти рақамикунонии иқтисодиётро таъкид намуда, зикр кард, ки гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ва рақамисозии баҳисобгирии муҳосибӣ раванди ногузир буда, барои рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.
Сипас, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Куганов Неъматулло дар мавзуи “Баҳисобгирии муҳосибӣ ва рақамикунонии он дар замони муосир” ва ассистенти кафедра Шарифов Бедилҷон дар мавзуи “Сиёсати баҳисобгирии мусоҳибӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар қисмати ҷамъбастии семинар миёни омӯзгорон ва донишҷӯён мубоҳиса сурат гирифт. Иштирокдорон андешаҳои худро оид ба таъсири рақамикунонӣ ба равандҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ баён намуда, пешниҳодҳои худро оид ба такмили ин равандҳо ироа карданд.