,
Якшанбе, 23-Феврал
Маҳфили адабии "Парвози шоҳин"-и факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таърихи 22.02.2025 бо иштироки Файзи Ашӯр, дорандаи медали “Хизмати шоиста”, Аълочии маориф ва илми ҷумҳурӣ, барандаи ҷоизаҳои адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Шамсиддин Шоҳин, Ашӯр Сафар баргузор баргузор гардид.
Дар маҳфил ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор, намояндагони илму адаби кишвар ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Ректори донишгоҳ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни сухани ифтитоҳии маҳфил ташрифи аҳли илму адаб ва меҳмонони гиромиро ба ин боргоҳи илму маърифат, парвозгоҳи ҳазорон фарзандони фарзонаву номвар, ходимони варзидаи илмиву сиёсӣ, ҳомиёни ҷонфидову эҳёбахши адабу фарҳанги миллӣ, равнақбахшони пурмаҳсули Ватани азизу маҳбуб самимона хайрамақдам гуфта, таъкид намуданд, ки муҷиби ифтихор ва саодати бузурги мардуми фарҳангдӯсту адабгустари тоҷик аст, ки аз шарафи истиқлоли давлатӣ ва сиёсати маърифатмеҳварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои хирадойину фарҳангсолори миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди худшиносии миллӣ, ташаккули эътимоди қавии мардум ба фарҳангу арзишҳои деринбунёди миллӣ, чеҳраҳои маъруфу маҳбуби илму адаби мо ба таври шоиста муаррифӣ шуда, осори пурҳикмат ва рӯзгори ибратомӯзи эшон сафобахши масири ташаккулу худшиносии наслҳои миллат гардидааст.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрагирӣ аз ин сиёсати инсонмеҳварона, бо татбиқи иқдомҳои наҷибу созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ташаббусҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷрои рисолати муқаддасу пуршараф-тарбия ва омодасозии мутахассисони соҳибкасбу худшинос, ватандӯсту маърифаткеш қадамҳои устувор гузошта, бо мақсади ноил гардидан ба дастоварду музаффариятҳо маҳфили адабии “Парвози шоҳин”-ро дубора эҳё ва дар заминаи он вохӯрии аҳли илму адаби кишвар, аз ҷумла устодон Ҳақназар Ғоиб, Абдулҳамид Самад, Муҳаммад Ғоиб, Маҷид Салим, Сипеҳр Ҳасанзод ва Хосият Вализодаро бо ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ва донишҷӯёну муҳассилини муассиса доир намуд. Ташкил ва баргузорнамоии маҳфили адабии “Парвози шоҳин” ҳамчун омили муҳим заминаи мусоидро ҷиҳати дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ фароҳам оварда, ба сифати анҷумани эҷодии адибони ҳамфикр, иттиҳоди эҷодии адабӣ дар заминаи ягонагӣ ва ваҳдати диду андеша, шавқу рағбат ва тамоюли эҷодӣ ва маркази парвариши насли сухан аҳли илму адабро ба ин ҷомеа наздиктар намуда, рисолати матлуб ва омӯзандаро иҷро намуда истодааст.
Ҷавҳари аслии онро эҳтироми китобу девон ва илму маърифати фарзандони соҳибфарҳанги ин миллати тамаддунофар зинат бахшида, мазҳари поку беолоишашро дӯстории аҳли илму адаб ва дастгириву муаррифии онҳо муҷалло намудааст.
Бо ҳамин мақсадҳои созандаву фарҳангдӯстона маҳфили навбатии “Парвози шоҳин” бо иштироки Файзи Ашӯр баргузор гашта истодааст. Файзи Ашӯр ҳамчун шоири тасвиргаро, ҷӯяндаву тозагӯ дер боз ба аҳли илму адаби кишвар маълуму машҳур аст. Ӯ дар хонаводаи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мавлоно Ашӯр Сафар ба дунё омадаву пайрави падар гардида ва аз роҳи эҷоду офариниши мазомини наву тоза комронӣ пеша намудааст.
Дар идома тибқи барнома Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Ҳақназар Ғоиб; шоир, доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи Академияи илмҳо, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода-Ҳасани Султон; шоир, муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода-Давлати Раҳмониён; шоир, доктори илмҳои филологӣ, мудири кафедраи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Данғара Саидҷаъфарзода Озод; адабиётшинос, сармуҳаррири Шабакаи телевизиони мусиқии «Шаҳнавоз»-Маҳмудҷон Ализода; доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷики донишгоҳ Асозода Ҳотам; шоир, корманди маҷаллаи миллии «Садои Шарқ»-Бузургмеҳри Ҳаким; мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он, дотсенти донишгоҳ-Холиқов Сафар баромад намуданд.
Баромадкунандагон таъкид доштанд, ки пайрави роҳи эҷодии падар шудани Файзи Ашӯр гувоҳи он аст, ки боғи маънавиёти шоир самараҳои арзишмандро ба бор овардаасту дар мактаби эҷодияш шогирдони содиқ ба афкори инсонпарваронаи ӯ тарбият ёфтаанд. Дар ишора ба ин ҷиҳат шоири шинохта Муҳтарам Ҳотам дар пешгуфтори китоби «Аз ёдҳо бар ёдҳо»-и Файзи Ашӯр менигорад, “Паррандаи шеъри Файзи Ашӯр дар фазо «Аз ёдҳо бар ёдҳо» бол мекушояд. Ин парранда аз ошёни хотири шоире бархостааст, ки ҳастии худро ба шеър бахшида, дилу ҷони худро волаи оҳанги зиндагибахши он кардааст...”
Файзи Ашӯр чун идомадиҳандаи рисолати бузурги кори эҷоду офариниш аз ҷумлаи шоирони хушзавқ ва пурталош аст, ки суханаш бикр, нигоҳаш нав ва ҳарфаш барҷой аст. Бо мурур ба ашъори адиб маълум мегардад, ки вусъати андеша ва ҷаҳони тасовиру хаёлоти Файзи Ашӯр бою рангин буда, ҳар ҳарфу ҳиҷо ва мисраву байти ӯ реша дар фалсафаи амиқи зиндагӣ дорад. Доираи мавзуоти ашъори шоир мутанаввеъ ва гуногунпаҳлу буда, муҳимтарини онҳо Ватан, Модар, зиндагӣ, дӯстӣ, бародарӣ, ахлоқ, ишқу ҷавонӣ ва арзиши қаламу қоғазу илму ҳунар мебошанд.
Ҳамчунин савту навои ҳунармандон дар асоси ашъори шоир Файзи Ашӯр ва қироати порчаҳои шеърӣ аз ҷониби донишҷӯён ба маҳфил ҳусни тоза зам намуда, фазои маънавӣ ва адабии онро ғанӣ гардониданд. Ин садоҳои дилнишин ва шеъри рӯҳангез чун нури субҳгоҳӣ фазои маҳфилро мунаввар намуда, ҷилои тозае ба муҳтавои маърифатию адабии он бахшид.
Ровии маҳфили адабӣ Муҳаммадҷони Абдувоҳид, сардори маркази матбуоти донишгоҳ, бо таманнои он ки осмони кишвари соҳибистиқлоламон ҳамеша аз нури маърифат ва худшиносии миллӣ мунаввару беғубор бошад ва роҳи давлатдории пурифтихорамон ҳамеша равнақбору пурфайз боқӣ монад, маҳфилро ба анҷом расонд.