,
Шанбе, 22-Феврал
Санаи 21.02.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии унвонҷӯйи кафедраи таҳлили математики ва назарияи функсияҳои факултети физика ва математика Ниёзов Шокир Давлатович дар мавзуи “Исследование нелинейного и нестандартного теплопереноса в конденсированных средах методом искусственной гиперболизации”, зери роҳбарии доктори илмҳои физика-математика, профессор Ҷуразода Хайрулло баргузор гардид.
Дар муҳокима роҳбари илмӣ, профессор Ҷуразода Хайрулло, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, академик, доктори илмҳои физика-математика, профессор Раҷабов Нусрат, доктори илмҳои физика-математика, профессор Раҷабова Лутфия ва дигар омӯзгорони факултет иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис доктори илмҳои физика-математика, профессори Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Шамсидинов Файзулло номзади илмҳои физика-математика, дотсенти кафедраи таҳлили математики ва назарияи функсияҳо Абдулазизов Абдулҳаким баромад намуда, ҳусну кубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Ниёзов Шокир Давлвтович бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Ниёзов Шокир ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму таҳқиқ мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамояд.