, Шанбе, 22-Феврал

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ - СИПАРИ БОЪТИМОДИ ВАТАН

 21.02.2025 21

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ - СИПАРИ БОЪТИМОДИ ВАТАН

Таҳти ин унвон имрӯз (21.02.2025) дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш садорати факултети мазкур, сармутахассиси раёсати тарбияи донишгоҳ Ҳасанов Бахтиёр, мутахассиси раёсати тарбия Кучаров Алихон ва ҳайати омӯзгорони факултет иштирок доштанд.

Сараввал муовини декан оид ба тарбия Гулов Рустам суханронӣ намуда, ҳамоишро ҳусни оғоз бахшид. Ҳамзамон иброз доштанд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ - ин воҳидҳои низомии ҳар як давлат мебошанд, ки мақсади аслии онҳо таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи марзу буми Ватан ва муқобила бо таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Ҳадафи асосии ҳар як миллат ин аст, ки дар пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ дар дохил ва хориҷ, ба ҳимояи осоиштагӣ ва мустақилият хидмат кунанд.

Сипас, муовини декан оид ба илм инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ Абдулов Дилшод дар мавзуи “Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми он дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ”, ассистенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ Мирзоев Мирзоалӣ дар мавзуи “Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - сипари боэътимоди ватан” ва муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинг Қурбонов Некруз дар мавзуи “Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар ҳифзи сарфҳадоти давлатӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир ҳамоиш бо музокирот миёни ҳозирин ба анҷом расид.




Ба рӯйхат