,
Шанбе, 22-Феврал
Санаи 20.02.2025 аз ҷониби ассистенти кафедраи химия ва методикаи таълими он Чолова Саодат бахшида 23-феврал Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи таълимии 105-и ихтисоси химия-экологияи факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавӣ дар мавзуи “ҲОМИЁНИ СОДИҚИ ВАТАН” гузаронида шуд.
Дар дарс декани факултет, дотсент Исупов Дилшод, мудири кафедра химия ва методикаи таълими он, дотсент Холиқов Сафар, мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он, дотсент Бобоев Бахтиёр, номзади илмҳои педагогӣ Уроқов Мирзомурод ва дигар омӯзгорони факултет иштирок доштанд.
Чолова Саодат дарсро тибқи муқаррароти мактаби олӣ оғоз намуда, дар робита ба мавзуи дарс “Ҳомиёни содиқи Ватан” маълумоти муфассал ироа карда, таъкид намуд, ки ҳифзи марзу буми кишвар масъулияти муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Ӯ зикр кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ҳамчун сипари боэътимоди давлат ҳамеша барои ҳифзи субот ва амнияти миллӣ омода ҳастанд.
Дар қисми поёнии дарс миёни омӯзгор ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифт, ки дар заминаи пурсишу посухҳо донишҳои омӯхташуда мустаҳкам гардонида шуд.